Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намоиши осори рассомони рус оғоз шуд



Мирзои Салимпур



Ба шарафи ҷашни 300-солагии шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар толори осорхонаи рассомии шаҳри Душанбе як намоиши осори рассомӣ ва наққошии рассомони рус оғоз ба кор кард.

Дар ин толор тақрибан 100 намунаи осори рассомоне ба маърази намоиш гузошта шудааст, ки зодагони шаҳри Петербург буда, дар солҳои 30-юму 40-уми асри гузашта дар Тоҷикистон фаъолияти эҷодӣ мекарданд. Сафири Русия дар Тоҷикистон Максим Пешков дар расми ифтитоҳи намоишгоҳи мазкур гуфт, забони ҳунарҳои зебо ниёзе ба тарҷумон надорад.

Намоиши асарҳои рассомони рус то охири моҳи май идома хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG