Пайвандҳои дастрасӣ

"Газпром" бо Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард



Мирзои Салимпур



Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон, ки дар раъси як ҳайъати давлатӣ барои ширкат дар Шурои нахуствазирони кишварҳои муштаракулманофеъ дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия ба сар мебарад, рузи панҷшанбе бо раиси ширкати "Газпром" Алексей Миллер мулоқот кард. Ҷонибҳо дар ин мулоқот роҷеъ ба таҳияи созишномае тавофуқ кардаанд, ки бояд самтҳои ҳамкории ин ширкат бо давлати Тоҷикистонро барои 25 соли оянда матраҳ кунад.

Ширкати давлатии "Газпром"-и Русия мегуяд, ин созишнома мавориди иктишоф ва раҳандозии истихроҷи манобеъи газ дар ҳудуди Тоҷикистон, тармими чоҳҳои мавҷуда ва ғайрифаъоли газ, бунёди лулаҳои нақлия, тармиму бозсозии лулаҳои мавҷуда ва коркарду ҳамлу нақл ва фуруши маҳсулоти гази Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Ширкати "Газпром" захираи гази Тоҷикистонро 1 трилён метри мукааб ҳисоб кардааст, аммо мегуяд, тавлидоти солонаи газ дар ин кишвар танҳо 24 милён метри мукаабро ташкил дода, ҳама ниёзҳои иқтисоди миллиашро бароварда сохта наметавонад. Аз ин ру, Тоҷикистон солона ҳудуди 485 милён метри мукаааби газро аз Узбакистон ворид мекунад.

XS
SM
MD
LG