Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раъйпурсӣ ба хотири чист?



Мирзонабии Холиқзод

Бахши аввали вижагуфтори Радиои Озодӣ.

Беш аз 300 тағйироту иловаҳо ба 56 моддаи Қонуни Асосии Тоҷикистон 22-уми июн ба раъйпурсӣ ва ё референдум гузошта мешавад. Ин тағйироту иловаҳо ахиран дар нашрияи парлумони ин кишвар "Садои Мардум" ба чоп расид. Зарурати ислоҳоти Сарқонун, як моҳ қабл аз ҷониби аъзои Ҳизби Халқии Демократӣ дар Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллии парлумон пешниҳод гардид.

Ҳукумати Тоҷикистон ин пешниҳодро барои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар муҳим шуморид ва як комиссияи муштарак иборат аз намояндагони ҳукумат ва Маҷлиси Намояндагон созмон дод. Ҳамзамон аъзои кумитаҳои палатаи поёнӣ, яъне Маҷлиси Намояндагон моддаҳои Қонуни Асосиро так так мавриди бозбинӣ қарор доданд.

Фраксияи Ҳизби Халқии Демократӣ (ҲХДТ) иборат аз намояндагони ҳизби президент, тағйироту иловаҳоро нахуст аз моддаи 65- и Қонуни Асосӣ шуруъ намуд ва пешниҳод кард, ки муҳлати ваколати раиси ҷумҳур, ки як давраи 7 сола аст, ба ду давраи 7 сола иваз карда шавад.

Ҳамин тавр, комиссияи муштараки ҳукумату парлумон ва кумитаҳои Маҷлиси Намояндагон дар 56 моддаи Қонуни Асосӣ иловаҳо ва тағйироти худро пешниҳод карданд.

Қонуни Асосии амалкунандаи Тоҷикистон аз 100 модда иборат аст. Ислоҳоти мазбур нишон медиҳад, беш аз 50 дар сади Қонуни Асосӣ мавриди тасҳеҳ ва тағйирот қарор дода шудааст. Ҷамъи пешниҳодҳоро ба ду бахш тақсим метавон тақсим кард. Аввал тағйиру иловаҳо ба бандҳое, ки дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон муҳим ҳастанд.

Намояндагони парлумон ва ҳукумат ҳамчунин раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва коршиносон моддаҳоеро, ки низоми раёсати ҷумҳур, фаъолияти ҳизбҳо ва низоми додгоҳҳоро дар бар мегиранд, муҳим арзёбӣ мекунанд.

Масалан, дигаргуниҳо ба моддаи 28 оид ба фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, моддаи 65 дар мавриди тағйири муҳлати давраи президентӣ, моддаи 84 оид ба сиёсати ҳокимияти додгоҳӣ ва ҳамчунин моддаи 38 ва 41, ки ба масоили таълиму парвариши ройгон ва ё ба масъалаи табобат пулакӣ тааллуқ доранд, барои пешрафти ҷомеа муфид арзёбӣ мешаванд.

Қисмати дигари бахши аъзами пешниҳодҳо ба моддаҳо аслан тасҳеҳу иваз намудани вожаҳои алоҳидаи банду моддаҳои Қонуни Асосиро дар бар мегирад.

Ба ин тартиб, 19 моҳи марти соли равон Маҷлиси Намояндагони парлумон қарори худро дар бораи рузи баргузории референдум оид ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Асосии кишварро тасдиқ кард, ки мувофиқи он 22 июни ҳамин сол дар Тоҷикистон ҳамапурсӣ сурат хоҳад гирифт.

Маҷлиси Намояндагон ҳамчунин тарҳи варақаи раъйдиҳиро низ тасдиқ кард. Дар он дар баробари беш аз 300 илова ва пешниҳодҳо танҳо як суол гузошта шудааст, яъне "Оё шумо тағйиру иловаҳоро ба Қонуни Асосии Тоҷикистон қабул мекунед, Ҳа ё Не".

Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон дар яке аз нахустин ҷаласаҳои худ кори ҳавзаҳои интихоботӣ ва шакли варақаи раъйдиҳиро баррасӣ намуд. Дар ин нишаст аъзои комиссия қарори Маҷлиси намояндагонро дар мавриди тарҳи варақаи раъйдиҳӣ бидуни тағйирот бо ҳамон як суол боқй гузошт: "Оё шумо тағйиру иловаҳоро ба Қонуни Асосӣ қабул мекунед? Ҳа ё Не".

Намояндаи Комиссияи марказии интихобот Муҳибулло Долдоҷонов мегуяд, ин комиссия ҳавзаҳои раъйдиҳиро дар дохил ва дар хориҷи кишвар барои шаҳрвандон маълум намуд. Вай мефзояд:"Дар ҳудуди Тоҷикистон 68 ҳавзаи раъйдиҳӣ таъйин шуда ва дар маҷмуъ 2800 маҳалли овоздиҳӣ фароҳам оварда мешавад. Бо мақсади ширкати шаҳрвандони муқими кишварҳои хориҷӣ дар Русия, Узбакистон, Эрон, Чин, Покистон, Туркманистон, Олмон, Афғонистон дар сафоратхонаҳои мо маҳалли овоздиҳӣ ташкил мешавад.

Бар асоси хабари Комиссияи марказии интихобот ба ҳизбҳои расмии кишвар ҳақ дода шудааст, ки ҷараёни ҳамапурсиро назорат кунанд. Муҳибулло Додоҷонов - намояндаи Комиссияи марказии интихобот мегуяд:"Ҳамаи ҳизбҳои расмӣ, ки 6 то мебошанд, шуруъ аз Комиссияи марказии интихобот, ҳавзаҳо ва тамоми участкаҳои овоздиҳӣ намояндаҳои худро доранд. Дар ҳар ҳавза аз 6 ҳизби сиёсӣ намояндаҳо хоҳанд буд."

Ба ин тартиб соати 6 субҳи 22 уми июни соли равон беш аз ду миллион сокини бархудор аз ҳаққи раъйи Тоҷикистон дар дохил ва дар хориҷи кишвар барои қабули пешниҳодҳо роҷеъ ба Қонуни Асосӣ ба ҳавзаҳои раъйдиҳӣ хоҳанд омад.

XS
SM
MD
LG