Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифати Ҳизби Демократ ба раъйпурсӣ роҷеъ ба тағйири Қонуни Асосӣ



Раҳматкарими Давлат

Раёсати ҲДТ баргузории раъйпурсиро нобаҳангом ва тағйироти пешниҳодиро ҷузъӣ меҳисобад.

Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) бо пахши як баёния, рузи панҷшанбе 24 апрел хостори ба таъхир андохтани рузи раъйпурсие шуд, ки қарор аст, дар таърихи 22 июн ба манзури ислоҳоти Қонуни Асосии кишвар баргузор шавад.

Раёсати ҲДТ ворид намудани тағйирот ба Қонуни Асосиро нобаҳангом донист ва дар баёнияи худ гуфт, он маводе, ки ба раъйпурсӣ гузошта шудааст, ҷузъӣ буда, аҳамияти умумимиллӣ надорад. Дар баёнияи ҲДТ омадааст, агар ҳукумат шадидан ҷонибдори ислоҳот аст, пас бояд ҳадди аққал ба мардум иҷоза дода шавад, то дар баррасии тарҳи пешниҳодшудаи ислоҳот ширкат намояд.

Раҳматулло Валиев - дабири кулли ҲДТ дар тавзеҳи баёнияи ҳизбаш мегуяд:"Агар Сарқонун догма набошад, қарори Маҷлиси Намояндагон низ набояд догма бошад ва онро бояд ба хотири пешрафти кишвар, ба хотири сулҳу ваҳдати миллат бекор намуд. Ва лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта, он гуна тағйироту иловаҳо бояд пешниҳод гарданд, ки ба таҳкими принсипҳои демократӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат кунад. Мо аъзои Раёсати Ҳизби Демократи Тоҷикистон чунин хулоса менамоем, аз аҳамияти умумимиллӣ бархурдор набудани тамому тағйиру иловаҳо ба Сарқонун пешниҳодшуда, гузаронидани райъпурсӣ бо чунин тағйиру иловаҳои каммазмун ва беаҳамият, ки дорои сарфу харҷи зиёд мебошад, ба пешрафти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодии кишвар, раванди бунёди ҷомеаи демократӣ суде намебахшад."

Дар баёния ҳамчунин гуфта шудааст, ворид намудани тағйироти пешниҳодшуда ба банди 38 ва 41 - и Қонуни Асосӣ усули аслии қонуни мазкур, ки Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон кардааст муғоират дорад. Гузашта аз ин ҲДТ, чун узви Иттиҳоди мухолифи пешини давлат мегуяд, бандҳое аз Қонуни Асосӣ, ки ба хотири таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳосил шуда буд, набояд мавриди таҳрир қарор бигиранд, зеро ин ҳол метавонад ба амният ва суботи кишвар таҳдид дошта бошад.

Раҳматулло Валиев дар ин маврид мегуяд:"Мувофиқи Протоколи Оштии Миллӣ дар соли 1999 он моддаҳое, ки мувофиқи созиш ва ризоияти байни ҳукумат ва собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик пешниҳод ва бо раъйдиҳии умумихалқӣ қабул шудаанд, ҳамчун моддаҳои амниятӣ ва моддаҳои сулҳ шинохта шудаанд. Ба хотири сулҳ, ризоият ва ваҳдати миллӣ он моддаҳо аққалан як даҳсола мавриди таҳрир ва тағйир қарор нагиранд."

Аммо Ҳизби Демократи Тоҷикистон гуфтааст, дар сурати иҷро нашудани талаботаш аз ҷониби парлумон ва ҳукумат ҳаққи тасмимгириро дар бораи ширкат накардани аъзо ва ҷонибдоронаш дар раъйпурсӣ барои худ маҳфуз медорад.

Дабири Кулли ҲДТ мегуяд:"Агар талаботҳои мо иҷро нашаванд, мо аз ҷонибдорони худ давъат мекунем, ки дар раъйпурсӣ ширкат наварзанд."

Аммо Аслиддин Соҳибназаров - раиси ҲДТ дар шаҳри Душанбе ва ҷонибдоронаш ҳамапурсиро кайҳо байкот кардааст.

Дар ин миён, намояндагони ҳукумат ва парлумон аз изҳори назар дар бораи ин баёнияи ҲДТ бо баҳонаи дастарс накардани он то кунун худдорӣ варзиданд.

ҲДТ баъд аз Ҳизби Сотсиал Демократӣ дуввумин ҳизби сиёсӣ дар ин кишвар аст, ки мухолифати худро бо баргузории раъйпурсӣ ба қасди ислоҳоти Қонуни Асосӣ расман эълом кардааст.

Аммо ба гуфтаи як манбаи наздик ба идораи раёсати ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов - раисиҷумҳур баъди мухолифати ҳизбҳо ва баргузории ҷаласаи Шурои ҷамъиятӣ ба идораҳои марбута дастур додааст, то дубора ва ҷиддан омузиши афкори умумро дар ин бора доир намоянд.

Аммо ба назари коршиносон имкони заиф аст, ки ҳатто дар мавриди омузиши дубораи офкори умум низ тасмими ҳукумат дар ин бора дигар шавад.

XS
SM
MD
LG