Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири тиҷорати Фаронса ба Душанбе меояд



Тоҳири Сафар



Франсуа Лос - вазири тиҷорати хориҷии Фаронса ба қасди баррасии масоили рушди тиҷорати кишвараш бо Тоҷикистон 14 май ба Душанбе сафар мекунад.

Пйер Андрео - кордори сафорати Фаронса дар Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни ин сафар Франсуа Лос бо як идда аз вазирони тоҷик ва раҳбарони корхонаҳои саноатӣ мулоқот хоҳад кард.

Вай афзуд, дар солҳои ахир ширкатҳои фаронсавӣ бо бархе аз корхонаҳои Тоҷикистон, махсусан бо Корхонаи алюминийи шаҳри Турсунзода ҳамкории худро тавсиа медиҳанд.

Ба гуфтаи дипломати фаронсавӣ, чанд корхонаи дигари фаронсавӣ дар як озмун барои ба даст овардани ҳаққи таҷдиди неругоҳи барқи обии Бойғозӣ ширкат хоҳанд кард. Ҳамчунин ширкатҳои фаронсавӣ тасмим гирифтаанд, дар коркарди сангҳои қимматбаҳо дар Тоҷикистон ва рушди саёҳӣ бо ин кишвар ҳамкорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG