Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Душанбе 133 хориҷӣ ихроҷ шудааст



Саид Сабоҳ



Дар маҷлиси Шурои ҳамоҳангии сохторҳои интизомӣ дар шаҳри Душанбе масъалаи ҷараёни иҷрои қонунҳои Тоҷикистон аз ҷониби хориҷиён дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар маҷлис тазаккур дода шуд:"Ҳар хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон ба сар мебарад, тибқи қавонини байналмилалӣ бояд ба қонунҳои Тоҷикистон эҳтиром гузошта ва онро риоя кунанд."

Тибқи омори расмӣ, тайи чанд соли ахир помол кардани қонунҳои кишвар таввасути хориҷиён ру ба афзоиш мебошад. Беш аз 1850 шаҳрванди хориҷӣ дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд, ки 70 нафари онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 133 нафар аз мамлакат ихроҷ шуда ва бар алайҳи 19 нафари дигар парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

XS
SM
MD
LG