Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбаси занонаи Суғдро ба Норак мекучонанд



Саид Сабоҳ



Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, то ягона маҳбаси занона дар вилояти Суғди ин кишвар ба шаҳри Норак кучонида шавад. Латофат Насриддинова - раиси кумитаи кор бо занони Тоҷикистон бо эъломи ин хабар афзуд, сабаби кучонидани маҳбаси занона аз шимол ба минтақаи марказии кишвар, бинобар тақозои зиёди наздикони маҳбусон аст.

Ба гуфтаи вай, аксари занони маҳбус аз навоҳии вилояти Хатлон ва водии Ҳисор ҳастанд ва хешовандони онҳо бинобар мушкилоти молӣ ва нақлиёт наметавонанд, зиндониёнро хабар бигиранд. Дар зимистон робитаи манотиқи марказӣ ва ҷануби пойтахти Тоҷикистон бо шимол қатъ мешавад ва мусофирон маҷбур мешаванд, аз роҳи Узбакистон ба шимол, вилояти Суғд сафар кунанд.

Хабаргузории Азия Плюс аз қавли Латофат Насриддинова навиштааст, ки 80 дар сади занони зиндонии тоҷик ба гуноҳи қочоқи маводи мухаддир ба маҳбас афканда шудаанд. Латофат Насриддинова ҳамчунин гуфтааст, ки соли 2001 тибқи Қонуни авфи умум дар Тоҷикистон қариб 800 зан аз зиндон раҳо шудааст ва феълан дар ягона маҳбаси занонаи тоҷик 220 зан зиндонӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG