Пайвандҳои дастрасӣ

Артиши 201 табдили ном ва мақом мекунад



Мирзои Салимпур



Хабаргузории русии "Интерфакс" аз қавли манобеъи муътамадаш дар идораҳои низомии Маскав хабар медиҳад, ки дар 28-уми моҳи апрел дар ҷараёни нишасти сарони кишварҳои узви Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе руасои ҷумҳуриҳои Русияву Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмонов дар мавриди ба пойгоҳи низомии артиши Русия табдил додани мақоми артиши 201-уми ин кишвар мустақар дар Тоҷикистон як созишномаи алоҳида имзо хоҳанд кард.

Артиши 201-уми Русия дар пайи имзои ин созишнома пойгоҳи 4-уми артиши Русия номгузорӣ хоҳад шуд.

Манбаъи бохабари "Интерфакс" мегуяд, созишномаи ду кишвар дар ин замина барои 5 сол баста мешавад ва дар сурати ризоияти тарафайн замони амали он баъдан тамдид карда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG