Пайвандҳои дастрасӣ

Авҷи баҳсҳо дар атрофи тарҳи қонуни реклама



Соҷидаи Мирзо

Хабарнигорон мегуянд, ин қонун пеш аз ҳама ба матбуоти мустақил зарба мезанад.

Парлумони Тоҷикистон рузи сешанбе, 22 апрел лоиҳаи Қонуни Рекламаро бо созмонҳои байналмилаливу намояндагони матбуот дар миён гузошт ва бо таъкиди зарурати танзими он, чопи рекламаро дар матбуоти чопӣ 30 дар сад ва дар радиову телевизион 28 дар сад муайян кард.

Баҳси парлумону матбуот бар сари дурустӣ ё нодурустии Қонуни Реклама чанд моҳ боз ҷараён дорад, аммо ба назар мерасад, ки билохира ба фоидаи ҳукумат анҷом хоҳад шуд.

Намояндагони матбуот мегуянд, бо баҳонаи танзими реклама ҳукумат талош дорад, нашрия ва радиову телевизиони хусусиро дар ботлоқи муфлисӣ нигаҳ дорад.

Аммо намояндагони матбуот ин иқдомро хилофи меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ мекунанд ва мегуянд, давлат ҳақ дорад, рекламаро дар нашрияҳои зери дасти худ танзим кунад, аммо ҳаҷми пахши реклама дар нашрия ва садову симои хусусӣ кори шунавандаву хонанда ва муассисони матбуоти шахсӣ аст.

Намояндаи парлумон ба ин пешниҳод розӣ нест ва мегуяд, бо танзими пахши реклама ҳукумат аз ҳуқуқи хонанда ва шунавандаҳо ҳимоят мекунад. Шариф Ҳамдампур, яке аз иштирокдорони мизи гирд ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, реклама хилофи пешрафти ҷомеа нест, балки ба ҳаҷми истеҳсолот ва беҳбуди сифати маҳсулот кумак мекунад. У афзуд, пешниҳоди маҳдудияти матбуотро гуруҳои манфиатҷу ба парлумон ворид кардаанд.

Матбуоти Тоҷикистон, ки ҳадди аққал 80 дар сади онро нашрия ва радиоҳои хусусӣ ташкил медиҳад ва онҳо аз пардохти ягон намуди андоз озод нашудаанд, акнун ба пахши реклама шуруъ намуда бо ин роҳ вазъи милии худро каме дуруст мекард. Агар Қонуни Реклама баъди хониши дуюм дар парлумон қабул шавад, шубҳае нест, ки нашрияҳои хусусӣ ва садову симои ғайридавлатӣ ҳамагӣ муфлис хоҳанд шуд. Ҳадафе, ки эҳтимолан парлумон танҳо ба хотири он масълаи танзими рекламаро дар миён гузоштааст.

XS
SM
MD
LG