Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори вазири дохилии Русия ба муҳоҷирон



Муҳаммадраҳими Сайдар

Борис Гризлов гуфт, дар сурати надоштани картаи мигратсионӣ муҳоҷирон аз Русия ихроҷ хоҳанд шуд.



Дар ҷавоб ба ҳушдори Борис Гризлов, намояндаи вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар Русия, Абдулмаҷид Сурхаков аз шаҳрвандони тоҷик, аз ҷумла онҳое, ки ба қасди пайдо кардани ҷойи кор ба Русия меоянд, хостори дарёфти се санад шуд: аввалан роҳхат, дуввум варақаи муҳоҷират ва бо анҷоми се моҳи замони амали корт, тамдиди қарордод бо корфармо.

Вай гуфт:"Якум муҳоҷироне, ки аз территорияи Тоҷикистон ба Русия меоянд, бояд ки ҳамроҳи худ роҳхат, ё шартномае дошта бошанд, ки дар асоси ҳамон дар корхонаҳои Федератсияи Русия онҳоро ба кор қабул мекунанд. Дуввум дар сурате, ки шаҳрванд худаш мустақилона ба Русия омад, бояд дар муҳлати се шабонаруз дар органи дахлдори ОВИР рафта аз қайд гузарад ва картаи мигратсионӣ гирад, ки дар худи картаи мигратсионӣ ҷойи истиқоматаш нишон дода мешавад. Картаи мигратсионӣ ба муҳлати се моҳ дода мешавад."

Абдулмаҷид Сурхаков тавзеҳ кард, ба хотири он ки дар Русия ҳудудан 1 миллион тоҷикон ба сар мебаранд, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия барои ҳифзи ҳуқуқи онҳо бархе ниҳодҳо эҷод шудааст ва бархе дигар дар ҳоли эҷод шудан аст.

Ба гуфтаи Сурхаков, феълан дар Тоҷикистон 12 ширкат барои танзими рафтуомад ва муҳоҷирати корӣ байни Тоҷикистон ва Русия фаъол аст. Вай ҳамчунин гуфт, дар вазорати шуғли аҳолии Русия таҳияи як санади марбут ба соддасозии муҳоҷирати корӣ дар густураи кишварҳои мушатаракулманофеъ дар дасти кор мебошад.

Ва муҳимтар ин аст, ки дар нишасти анқариби сарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар Душанбе ба имзо расидани як санади танзимкунандаи муҳоҷират дар сатҳи олӣ байни Маскав ва Душанбе дар назар аст- гуфт Абдулмаҷид Сурхаков.

Вай афзуд:"Дар вохурии раҳбарони давлати Тоҷикистону Русия дар Душанбе яке аз масъалаҳои асосии мавриди баррасӣ муҳоҷирати корӣ аст. Дар ин мулоқот созишнома дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва ҳифзи ҳуқуқии шаҳрвандони Русия, ки мувақатан дар Тоҷикистон кор мекунанд, бояд ба имзо расад."

Сурхаков тавзеҳ кард, ки ҳуҷҷати марбутаро як комиссиюни муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия, аз ибтидои моҳи декабр таҳия кардааст.

Абдулмаҷид Сурхаков - намояндаи вазорати кори Тоҷикистон дар идомаи суҳбар хабар дод, ки вазорат дар минтақаҳои дигари Русия, аз ҷумла Новосибирск, Волгоград ва ғайраҳо намояндагиҳои худро дорад ва корафтодагон метавонанд, аз онҳо кумак бихоҳанд ва бо хитоб ба муҳоҷири тоҷик шумораи телефони худро эълом кард. Шумораи телефони Абдулмаҷид Сурхаков - намояндаи вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар Маскав: 219-53-90, коди Маскав-095.

XS
SM
MD
LG