Пайвандҳои дастрасӣ

Сорос дар Суғд се барнома татбиқ мекунад



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад



Дар вилояти Суғд татбиқи се лоиҳаи мубориза алайҳи бемории адами масъунияти бадан ё СПИД руи даст гирифта мешавад. Масъулони Бунёди Сорос, ки таҳти сарпарастии ин бунёд лоиҳаҳои мазкур татбиқ хоҳанд шуд мегуянд, барои иҷрои барномаҳои мазкур Оҷонсии Рушди Байналмиллалии Иёлоти Муттаҳида маблағ тахсис медиҳад.

Барномаҳоро Идораи мубориза алайҳи бемории адами масъунияти бадан ва созмонҳои ғайридавлатии "Дина" ва "Хоҳарони мададгор" амалӣ хоҳанд кард. Назар ба маълумоти мақомоти Тоҷикистон теъдоди мубталоёни бемории мазкур дар вилояти Суғд назар ба манотиқи дигари кишвар бештар ва ру ба афзоиш аст.

Ҳамоҳангсози барномаҳои бунёди Сорос Зарина Абудллоева аз қавли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфтааст, зарфи 5 соли оянда дар Осиёи Марказӣ теъдоди гирифторони бемории СПИД ба 5 миллион хоҳад расид.

XS
SM
MD
LG