Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ?



Раҳматкарими Давлат

Маркази вогиршиносии Тоҷикистон бо таҷҳизоти навини ташхиси бемории САРС муҷаҳҳаз шудааст.

Ба манзури ҷилавгирӣ аз эҳтимоли густариши бемории илтиҳоби ғайримуқаррарии шуш ё пневмонияи ғайриоддӣ дар Тоҷикистон тадобири иловагии беҳдоштӣ андешида шуда ва Маркази пажуҳишҳои вогиршиносӣ бо технологияи навини ташхисӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Аъзам Мирзоев - муовини раиси Маркази вогиршиносии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, акнун Маркази вогиршиносӣ имкон дорад, ташхиси ин бемориро дар кишвар анҷом диҳад. Оғои Мирзоев афзуд:"Лабораторияи калони вирусологӣ бо тамоми таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз шудааст ва имруз мо имкон дорем, ки дар ҳолати пайдо шудани ин беморӣ аз вай намунаеро барои ташхиси лабораторӣ гирему ташхисро то ба охир расонем."

Ба гуфтаи мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон, дар тамоми гузаргоҳҳои марзи ва фурудгоҳҳои кишвар бунгоҳҳои назорати тиббӣ фаъол шудааст ва ҳатто дар дохили ҳавопаймоҳо низ солунҳои махсус барои изолятсияи беморони шубҳаовар эҷод шудааст.

Кормандони Марказӣ беҳдоштӣ ба хадамаи ҳавопаймоҳое, ки ба хориҷи Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳанд, машваратҳои лозимро дар мавриди муносибат бо беморони шубҳаовар баргузор мекунанд. Дар ҳоли ҳозир тамоми гузаргоҳҳо, қатораҳо ва парвозҳои хориҷӣ таҳти муроқибати шадид қарор доранд.

Муовини раиси Маркази вогиршиносӣ гуфт, парвозҳои ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ба кишварҳое, ки шуйюъи ин бемори хеле зиёд мушоҳида шудааст, аз ҷумла Чин идома дорад, вале дар сурати пайдо шудани ҳатто нахустин шубҳа дар мавриди пайдо шудани барандагони беморӣ имкон дорад, ин парвозҳо то замоне таваққуф шаванд.

Вай изофа кард:"Пеш аз он ки мусофирон ба дохили ҷумҳурӣ ворид шаванд, онҳо аз назорати духтурони фурудгоҳҳо мегузаранд. Мо бо тамоми халабонҳои тайёраҳо, кормандони фурудгоҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарондем. Агар дар дохили тайёра ягон нафаре бо ин беморӣ маълум шавад, то ба фурудгоҳ омадани ҳавопаймо халабони он ба мо хабар медиҳад ва мо чораҳои қатъитарро мебинем.

Оқои Мирзоев ҳамчунин гуфт, ин беморӣ ҳануз шинохта нашудааст, аммо ба ҳар сурат нишонаҳои он ба аломатҳои зукоми муқаррарӣ шабоҳат дорад ва аз ин хотир аз тариқи расонаҳои дохилӣ мардум ба эҳтиёт аз ин беморӣ даъват мешавад.

То кунун ҳеҷ маврид аз шубҳа дар бораи мавҷудияти ин беморӣ дар Тоҷикистон қайд нашудааст. Мақомоти вазорати тандурустӣ ва Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар ин замина ҳамкориҳоеро ба роҳ мондаанд.

XS
SM
MD
LG