Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табдили мол бо Русия 61 фоиз коҳиш ёфт



Мирзои Салимпур



Кумитаи омори давлатии Тоҷикистон дар пешоруи сафари раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Душанбе омореро нашр кардааст, ки бар асоси он ҳаҷми содироту воридоти мол байни Тоҷикистону Русия дар се моҳи аввали соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 61 дар сад коҳиш ёфтааст.

Идораи омор чунин сурати ҳол дар равобити байни Душанбеву Маскавро натиҷаи дар маҷмуъ поён рафтани мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои аввали сол хонда, афзудааст, ки соли гузашта 35 дар сади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз ҳисоби харидуфурушаш бо Русия ба даст омад.

Тиҷорати ду кишвар дар зарфи соли гузашта дар муқоиса ба як соли пеш 7 дар сад афзуда, 251 милён доллар ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG