Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон боз роҳи газро баст



Абдуқаюми Қаюмзод

Қатъи ногаҳонии газ оташи ошхонаҳои Тоҷикистонро хомуш кард.



Саввумин руз аст, ки тавзеъи гази табиӣ дар Душанбеву навоҳии атрофи он ва қисмати ҷанубии кишвар қатъ шудааст. Тибқи иттилои мақомоти масъули ширкати давлатии "Тоҷикгаз" ҳукумати Узбакистон рузи 19 апрел бо ирсоли як барқия сабаби қатъи интиқоли гази табииро ба ҷумҳурии Туркманистон вобаста донистааст.

Фатҳиддин Муҳсиддинов - муовини раиси Ширкати давлатии гази Тоҷикистон - рузи 21 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, лулаи газе, ки аз Узбакистон ба Тоҷикистон меояд, 14 километр аз ҳудуди Туркманистон убур мекунад. Аммо саввумин руз аст, ки далоили қатъи газ мушаххас нашудааст.

Тули се моҳи ахир ин саввумин бор аст, ки интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистон бидуни кадом далели мушаххас қатъ мешавад. Дар ду навбати гузашта, қатъ шудани интиқоли газро ба садама дар лулаи газгузар ва ё напардохтани ҳаққи истифодаи газ аз ҷониби сокинони кишвар вобаста донистанд.

Аммо гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон аз ширкати давлатии Узбактрансгаз қарздор намебошад. Вале напардохтани ҳаққи истифодаи газ аз суи аҳолӣ ва корхонаҷот яке аз мушкилоти ҷиддӣ барои ширкати гази тоҷик боқӣ мондааст. Ба гуфтаи масъулини Ширкати гази тоҷик пардохти ҳаққи газ аз аҳолӣ дар зарфи се моҳи гузашта, танҳо ҳудуди 15 дарсадро ташкил додаасту бас.

Тибқи иттилои мақомоти Ширкати давлатии гази тоҷик ба вижа сокинони пойтахти Тоҷикистон ва навоҳии атрофи он ва инчунин бархе корхонаҳои шаҳри Душанбе ҳудуди сад миллион сомонӣ аз ҳисоби истифодаи газ карздор мебошанд.

Дар ин миён қатъ шудани интиқоли гази табиӣ боиси аз фаъолият бозмондани бархе аз корхонаҳо ва махсусан фалаҷ шудани кори нақлиёти мусофирбарӣ дар Душанбе гаштааст.

Як тан аз ронандаи микроавтобусҳои пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфт, се руз аст, нақлиёти мусофирбари пойтахт, ки умдатан газро ба ҳайси маводи сухт истифода мебаранд, ба маротиб кам шудааст.

Як нафар зане, ки беш аз як соат дар интизори нақлиёт вақти худро гузаронидааст, гуфт се рӯз аст бар замми ин ки газро қатъ кардаанд аз истифодаи неруи барқ ҳам маҳрум мондаанд.

Тоҷикистон бо Узбакистон дар авоили соли ҷорӣ созишномаи харидории гази табииро барои соли 2003 имзо намудааст. Ва бар асоси ин созишнома ва маблағи қаблан пардохташуда бидуни таваққуф бояд гази табиӣ ба Тоҷикистон интиқол шавад. Аммо ба эътиқоди коршиносон Узбакистон аз гази табиӣ ба ҳайси фишанги сиёсӣ ба мақомоти Тоҷикистон дар ҳар мавриди мумкин истифода кардааст. Ва ҳар навбат танҳо бо мудохилаи мақомоти аршади ҳукумат интиқоли газ дубора аз сар гирифта мешуд.

Фатҳиддин Муҳсиддинов - муовини раиси Ширкати гази давлатии Тоҷикистон - гуфт, алъон гуфтушунидҳо миёни ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистону Узбакистон идома дорад. Аммо маълум нест, ки ин навбат танаффус дар интиқоли газ то чӣ замоне тӯл хоҳад кашид.

XS
SM
MD
LG