Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойи зисти динозаврҳоро пайдо кардаанд



Мирзои Салимпур



Вазорати ҳифзи табиати Тоҷикистон мегуяд, ки давлат як қароргоҳи аҳди қадимро, ки бостоншиносон дар мавзеъи Работ, дар 100-километрии шаҳри Душанбе пайдо кардаанд, таҳти ҳимояти худ мегирад.

Ин ёдгории аҳди қадим макони зисти динозаврҳо дар 150 - 180 милён соли пеш маҳсуб шуда, аз бузургтарин ёдгориҳои он даврон дар ҷаҳони муосир шинохта мешавад.

Академики тоҷик Рауф Баротов ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, бори аввал мавзеъи Работро геологи рус Григорий Романовский ҳануз дар соли 1882 кашф карда буд, аммо манзараи комили аҳди қадим дар минтақаро олимон танҳо баъди як асри дигар барқарор карданд.

Дар Работ ҳудуди 80 дарахте пайдо шудааст, ки ба гуфтаи олимон аз ҳамон аҳди қадим зери сел монда, санг бастаанд.

XS
SM
MD
LG