Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон барф борид



Хиромон Бақозода



Дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон рузи 19 апрел барф борид. Лариса Попова - масъули маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, сели ҳавои сарди Скандинавӣ ва ҳавои сарди Сибир дар фазои Тоҷикистон ба ҳам омада, сабаби сардии ҳаво ва бориши барф шуданд.

Рузи шанбе дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе, дар вилояти Бадахшони Куҳӣ барф борид. Ҳаво дар Душанбе 3,5 дараҷа гарм буд, дар Хатлон низ ҳамчунин. Ҳарчанд дар Хоруғ низ барф мерехт, вале хилофи чашмдошт ҳаво 8 дараҷа гарм буд.

Лариса Попова афзуд, бориши барф дар нимаҳои фасли баҳор дар Тоҷикистон хоси ин кишвар нест, вале дар солҳои гузашта низ мушоҳида шудааст.

XS
SM
MD
LG