Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавсими мардикорӣ оғоз шуд



Искандари Хоҷамирзода

Ҳамзамон бо ин фуруши билетҳои қатори Душанбе-Астрахан аз фурушгоҳҳои расмӣ ба бозори сиёҳ кучидааст.

Бо фарорасии фасли баҳор фурушгоҳҳои майдонҳои ҳавоӣ ва роҳи оҳани Тоҷикистон аз навбатҳои бепоёни довталабони муҳоҷирати корӣ ба Русия тафсон мешаванд. Аммо дарёфти билет осон нест.

Садои мардум: "Нархи давлатии билети платскарт 181 сомонӣ будааст, лекин ин ҷо аз даст 350 то 380 сомонӣ мефурушанд." "Ман як ҳафта боз барои билет ба ин ҷо меоям, билет гирфта намешавад. билет ҳаст, фақат дар дастҳо ва хеле қимат- як баробар аз нархи расмиаш зиёдтар."

Билети ду баробар гарон, ки одатан аз ҳисоби қарзу қавола ба даст меояд фақат оғози кор аст.

Дар ҳақиқат, мушкилоти асосии муҳоҷирони корӣ, ки тибқи омори мухталиф шумори онҳо ба як миллион наздик аст, баъди харидани билет шурӯъ мешавад.

Як мисол: Ҳафтаи равон дар сӯҳбат бо телевизиони НТВ кормандони милисаи шаҳри Нефтеюгански Русия бо ифтихор намоиш доданд, ки дар як катаки мошини ҷип, ки барои ду боздоштшуда муқаррар гардидааст, онҳо чордаҳ муҳоҷири кории тоҷикро маҳкам карданд. Баъд аз гузаронидани чанд соат дар боздоштгоҳи милиса ҳам муҳоҷирони бо ҳуҷҷат ва ҳам муҳоҷирони беҳуҷҷат озод шуданд, зеро милисаи Русия барои бозгардони иҷбории муҳоҷирони хилофкор пул надорад. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки барои раҳоӣ аз ба истилоҳ "обезянник" ва ё "маймунхона" (тавре боздоштгоҳҳои муваққатии милисаро унвон медиҳанд) ҳаққи милисаро пардохтан зарур аст.

Дар сӯҳбат аз Игор Боск раиси намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар шаҳри Душанбе пурсидам, сабаб чист, ки муҳоҷирати кории тоҷикон бо чунин душвориҳо сурат мегирад?

Игор Боск мегуяд: "Ин раванди муҳоҷирони тоҷик, ки ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд, раванди ғайрирасмӣ аст. То рузе ки муҳоҷирони тоҷик андоз насупоранд ва қонунҳои марбутаро риоя накунанд, албатта, дар шароити душвор қарор мегиранд. Лекин қобилияте, ки тоҷикон доранд, мувофиқи талаботи бозори ҷаҳонӣ нест. Ва дар ин сурат онҳо маҷбур мешаванд барои як бурда нон ба корҳои ғайрирасмӣ раванд ва дар шароити душвор ва бо поймоли ҳуқуқашон азият кашанд."

Моҳи ноябри соли гузашта пас аз истирдоди иҷбории муҳоҷирони тоҷик аз вилояти Маскав президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов сафири Русия дар Тоҷикистон Максим Пешковро даъват намуда, иброз дошт, ки баъзе мансабдорони маҳаллии Русия хилофи созишҳои дӯстиву ҳамкориҳои миёни ду кишвар амал мекунанд.

Аз Максим Пешков мепурсам, ки мушкили муҳоҷирон кай ҳал хоҳад шуд? Вай гуфт: "Чӣ мушкилие ? Ман ҳеҷ нашунидаам, ки дар байни мо масъалаи ҳалношуда бошад."

Аммо худи муҳоҷирон мегӯянд, онҳо аз ягон имтиёзе баҳраманд намебошанд. Онҳоро милисаи таъқиб мекунад. Сониян, аксари муҳоҷирони тоҷик бо ҷои зисти муайян таъмин намешаванд, касе тандурустии онҳоро кафолат намедиҳад.

Максим Пешков меафзояд: "Хуб, ин пеш аз ҳама мушкили худи муҳоҷирон аст. Он одамоне, ки қонунҳои Русияро иҷро мекунанд, ҳеҷ мушкиле надоранд. Ва қонунҳои хеле соддаанд: Шахсе, ки ба Русия омадааст, бояд худро дар қайд гузошта, расман иҷозати кор бигирад. Оромона кор кунад. Пули худро бигирад. Дигар ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад."

Аз то 17 то 20 апрел дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи Байнипарлумонии Тоҷикистону Русия ҷараён мегирад ва дар он татбиқи созишҳои ба имзо расидаи миёни ду кишвар баррасӣ мешавад. Дар арафаи ҷаласа раиси ҳайати Тоҷикистон вакили Маҷлиси Намояндагон, Аҳмадҷон Юсуфов иброз дошт, ки аз 150 созиши ба имзо расида, теъдоди муйаяне, хусусан мувофиқатҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, хеле суст иҷро мешаванд.

Аз Юсуфҷон Аҳмадов мепурсам: Оё мақомоти ду кишвар метавонанд, ки рӯзе масъалаи муҳоҷирати кории Тоҷикистониҳоро ба мисли кишварҳои мутамаддин ҳал намоянд.

Оқои Аҳмадов мегуяд:"Масъалаи муҳоҷирати корӣ хеле муҳим буда, ҳалли он ба дахолати депутатҳо ниёз дорад. Чаро масъаларо тавре гузоштаем, ки ин ҷо на танҳо ҳукуматҳо, балки минтақаҳо низ ҳамкориҳои байниҳамдигариро ба роҳ монанд? Зеро мо мехоҳем ба ҳалли мушкилиҳои имрӯза вилоятҳо: ҳам мақомоти вилоятҳои мо ва ҳам мақомоти вилоятҳои Русия бипайванданд. Вазоратҳои меҳнат ва шуғли аҳолии Мо ва Русия дар соли 1999 Эъломияи муштаракеро дар масъалаи шуғли аҳолӣ ва таъмини кор ба имзо расонидаем. Чанд ҳуҷҷати дигар имзо шудааст ва ҳозир мо бояд таҳқиқ намоем, ки чаро ин созишҳо суст иҷро мешаванд.

Раиси ҳайати қонунгузорони Русия дар музокирот бо Тоҷикистон Александр Беляков ҳам ҷонибдори ҳамин фикр аст. Рӯзи чоршанбе дар пойтахти Тоҷикистон ӯ гуфт, ки парламентҳои ду кишвар бояд ҳамаи дарҳои ҳукуматҳои ҳамдигарро бикӯбанд, то ҳамкориҳои иқтисодии миёни Русияву Тоҷикистон тавсиа ёбанд.

Аммо даркӯбӣ эҳтимолан ба вақт ниёз дошта бошад. Он мардуме, ки имрӯз дар навбати билет истодааст, чӣ кор кунад? Аз Игор Боск, раиси намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират пурсидам, ки дар марҳилаи ҳозира созмони онҳо, ҳукумати Тоҷикистон ва ё кадом муассисае дигаре барои беҳбуд бахшидани рӯзгори на чандон ширини муҳоҷирон чӣ кореро ба сомон расонида метавонад?

Игор Боск гуфт: "Ягона роҳи ҳалли масъала ҳамкорӣ бо он ашхос ва он корхонаҳои иттилоотӣ ба мисли расонаҳои хабарӣ, рузномаву маҷаллот, вазорати фарҳанг ва дигарон аст, ки барои муҳоҷирин иттилооти дуруст паҳн кунанд. Яъне дар бораи вазъи ҳуқуқӣ дар Русия, дар бораи кортҳои мигратсионӣ, дар бораи ширкатҳое, ки дар риштаи шуғли аҳолӣ кор мекунанд. Чӣ хел онҳо метавонанд ба таври қонунӣ коргарони тоҷикро ба кор ҷалб кунанд? Як масъалаи дигари муҳим ҳифзи саломатии муҳоҷирон аст."

Дар идомаи ин фикр ҳаминро бояд илова кард, ки тибқи омори ғайрирасмӣ пуле, ки аз тарафи муҳоҷирони тоҷик ба ватан ирсол мегардад, аз буҷаи солонаи Тоҷикистон бештар аст. Агар он ба ҳайси сармоя ба иқтисоди кишвар ворид шавад, эҳтимол ҷойҳои нави кор пайдо шуда, зарурати муҳоҷирати шуморе аз Одинаҳои тоҷик камтар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG