Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз куҷо мегузарад?



Раҳматкарими Давлат

Ду кишвар то ҳол бар сари масоили марзӣ миёнаи мувофиқеро пайдо накардаанд.



Комиссияи махсуси Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди ташхиси марзи миёни ду кишвар рузи ҷумъа дар шаҳри Душанбе ташкили ҷаласа дод. Дар ин ҷаласа ҷонибҳо масоили марбут ба ташхиси марз ва асноди мавҷуд дар ин заминаро баррасӣ намуданд.

Ҷониби Тоҷикистон муътақид аст, ки ташхиси марзи миёни ду кишвар бояд бар мабнои асноди соли 1925 ва 1927 ба имзорасида сурат бигирад. Ин тақсимот дар замони ҳукумати шуравӣ амалӣ шуда буд ва ба дунболи пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ҷумҳуриҳои ташкилкунандаи он марзҳои якдигарро бар асоси ҳамин аснод шинохта буданд.

Тоҷикистон ҳамин санадҳоро қонунӣ ва муътабар медонад. Аммо ҷониби Қирғизистон назари хос дорад ва мегуяд, ташхиси марз бояд бо назардошти воқеияти имруз ва маҳали зисти ақалиятҳои наздимарзӣ сурат бигирад. Дар ин сурат, бисёре аз манотиқи марзи Тоҷикистон ба қаламрави Қирғизистон тааллуқ хоҳанд гирифт.

Гуфтанист, ки ахиран Қирғизистон аз пас гирифтани панҷоҳ ҳазор гектар замини худ дар ноҳияи Мурғоб, ки ба ихтиёри Тоҷикистон иҷора дода буд, хабар додааст. Ин заминҳо дар соли 1942 ба Тоҷикистон барои панҷоҳ сол, яъне то соли 1992 дода шуда буд. Дар ин заминҳои иҷора шаҳрвандони қирғизтабори Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Мақомоти Қирғизистон ба ин сокинон пешниҳод кардаанд, ки табаияти Қирғизистонро қабул намояд.

Мушкили дигари тақсими марз ин аст, ки навори марзӣ дар бархе дигар манотиқ мустақиман аз дохили қарияҷот убур мекунад ва дар сурати тақсими марз хонаводахоро ду сарнавишт интизор хоҳад буд.

Дар сурати мадди назар доштани пешниҳоди Қирғизистон мушкили дуввум куллан рафъ мешавад. Яъне қарияҳои марзии нуфузашон умдатан қирғиз ба Қирғизистон ва манотиқи умдатан тоҷикнишин ба Тоҷикистон тааллуқ хоҳад гирифт. Аммо ин тарзи ташхис Душанберо қаноат намекунад. Ба ин далел рузи дувуми кори камиссюни дучонибаи ташхиси марз бидуни натича ва баёнияе поён ёфт.

Нашрияҳои чопи Тоҷикистон рузи ҷумъа навиштаанд, то ҷонибҳо навори марзро ташхис мекунанд, бошандагони заминҳои иҷора низ фикр хоҳанд кард, ки шаҳрванди кадоме аз ду кишвар будан барояшон беҳтар аст.

XS
SM
MD
LG