Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

43 фоизи мардум низоми якҳизбиро мехоҳад



Мирзои Салимпур



Бино бар назарсанҷие, ки маркази илмиву таҳқиқотии "Шарқ" дар байни аҳолии Тоҷикистон анҷом дод, 43 дар сади мардум аз низоми якҳизбӣ ва 38 дар сад аз низоми бисёрҳизбӣ дар ин кишвар ҷонибдорӣ кардаанд.

Саодат Олимова, раҳбари маркази "Шарқ" мегуяд, 19 дар сади назардиҳандагон вуҷуди ҳар навъи ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистонро нолозим хондаанд ва ин дар ҳолест, ки дар соли 1999 ҳамагӣ 9 дар сад аз чунин ақида ҳимоят мекард.

Фаъолияти аҳзоби мазҳабӣ дар кишварро, бино бар назархоҳии маркази "Шарқ", танҳо 18 дар сади мардум пуштибонӣ кардааст. Аммо беш аз нисфи пурсидашудаҳо мухолифи амали аҳзоби динӣ дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон будаанд.

XS
SM
MD
LG