Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон коҳиш ёфтааст



Мирзои Салимпур



Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 15 дар сад коҳиш ёфта, ҳудуди 358 милён долларро ташкил дод. Ҳаҷми содироти кишвар дар ин муддат 12 дар сад ва ҳаҷми воридот беш аз 18 фоиз камтар шудааст.

Чунин мизони коҳиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон асосан аз ҳисоби кам шудани равобити ин кишвар бо кишварҳои муштаракулманофеъ ҳосил шудааст. Дар зарфи се моҳи аввали сол содироту воридоти Тоҷикистон бо ин кишварҳо 33,4 дар сад поён рафт. Ин дар ҳолест, ки табдили мол бо соъири кишварҳои хориҷӣ дар ин муддат дар муқоиса бо се моҳи аввали соли гузашта ҳудуди 10 фоиз афзудааст.

54 дар сади таркиби содироти Тоҷикистонро тиҷорати алюмин ва беш аз 23 дар сади онро фуруши нахи пахта ташкил медиҳанд. Дар зарфи семоҳаи аввал ба хориҷи кишвар 94 400 тонна алюмин ва 36 400 тонна нахи пахта фурухта шудааст. Алюмини тоҷикро умдатан Туркияву Ҳолланд ва пахтаашро Швейтсарияву Латвия харидорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG