Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор муҳоҷири тоҷикро оташ заданд



Маъсуми Муҳаммадраҷаб



Рузи 17 апрел аҷсоди сухтаи чаҳор тан аз сокинони деҳаи Такшифи ноҳияи Масчоҳ, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия кушта шуданд, ба деҳаашон оварда шуд.

Ин чаҳор ҷавони тоҷик Анвар Нозимов, Абдураҳмон Хидиров, Саидхоҷа Атоев ва Шодибек Назаров, ки ҳамагӣ 23 сол доштанд, ба гуфтаи Давлатбек Нозимов бародари яке аз онҳо, ин чаҳор танро дар Екатеринбург аз аъзои як гуруҳи ҷиноятпеша сузонида куштаанд.

Як сокини деҳаи Такшиф ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ҷавонони тоҷикро барои он куштаанд, ки онҳо аз додани пора ба гуруҳи ҷиноякор саркашӣ кардаанд. Гуруҳи мазкур барои ин "гуноҳ" дару тирезаҳои вагони ҷои зисти ҷавононро шабона баста, онро оташ задаанд.

Мақомоти интизомии вилояти Суғди Тоҷикистон дар робита ба қатли сокинони вилоят дар қаламрави Русия изҳори назар накардаанд.

Гузориши муфассал дар гушаи Гузоришҳо (Аудио)

XS
SM
MD
LG