Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳзоби сиёсӣ мухолифи референдуманд



Соҷидаи Мирзо



Шурои ҷамъиятии аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон ислоҳоти конститутсионӣ ё тағйири баъзе бандҳои Қонуни Асосиро дар як нишасти вижа баррасӣ кард.

Намояндаи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт, ба се банди мавриди тағйирот мухолиф аст, аммо коммунистҳо чӣ гуна бояд овоз диҳанд, вақте ки ҳамаи 32 банд дар як варақ омадааст ва ба ҳамаи онҳо танҳо як ҷавоби ҳа ё не тақозо мешавад.

Намояндаи Ҳизби Сотсиал - Демократ гуфт, зарурати оҷиле барои тағйири бандҳои Қонуни Асосиро намебинад.

Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон баён дошт, ҳизби у ба сурати умум мухолифи референдум нест, аммо бо ишора ба авзоъи кунунии ҷаҳон гуфт, ҳукумат барои баргузории чунин маърака чандон вақти муносиберо интихоб накардааст.

Баррасии масъалаи референдум бо Шурои ҷамъиятии аҳзоби сиёсӣ ба сари худ аҳамияти ҷиддӣ надорад ва шояд бештар бо ҳадафи пешгирӣ аз танқидҳое пиёда шавад, ки ҳукуматро дар оянда ба яккатозӣ муттаҳам кунанд.

Тафсилоти ин мавзуъ дар гушаи Гузоришҳо.



XS
SM
MD
LG