Пайвандҳои дастрасӣ

Се ҳазор тоҷик дар Русия зиндонӣ шудааст



Искандари Хоҷа Мирзода



Сафири Русия дар Тоҷикистон Максим Пешков рузи 16 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, агар мақомоти Душанбе аз Маскав таҳвили тоҷикони маҳбус дар Русияро бихоҳад, ин кишвар онҳоро ба Тоҷикистон бармегардонад.

Юсуф Аҳмадов - вакили парлумони Тоҷикистон рузи 16 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт дар Русия ҳудуди 3 ҳазор шаҳрванди тоҷик зиндонӣ аст, вале мақомоти интизомии ин кишвар то кунун фақат 35 маҳбусро ба Тоҷикистон таҳвил додаанд. Ба гуфтаи вай, бар асоси созишномаи миёни вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ва Русия, ҳукумати Маскав бояд шаҳрвандони тоҷикро барои сипарӣ кардани муҳлати ҷазо дар зиндонҳои Тоҷикистон ба мақомоти ин кишвар таҳвил диҳад.

Вакили парлумони Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, созишномаҳои зиёди дуҷонибаи миёни Тоҷикистону Русия амалӣ намешаванд ва яке аз онҳо созишнома дар мавриди таҳвили маҳбусон аст.

Вале Максим Пешков сафири Русия дар Душанбе гуфт:"Ман вазъиятро то ба ин андоза печида намешуморам. Аксарияти кулли созишномаҳои байни ду кишвар имзошуда амалӣ мешаванд. Дар мавзӯи бозпас додани маҳбусони тоҷик ин айби ҳукумати Тоҷикистон аст, ки аз мо дархост накардааст. Агар онҳо чунин дархостро мекарданд, маҳбусон бозпас фиристода мешуданд."

Рузи 16 апрел нишасти Комиссияи парлумонии Тоҷикистону Русия дар Душанбе ба кор оғоз кард ва дар ҷараёни он сатҳи иҷрои созишномаҳои миёни Тоҷикистон Русия арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG