Пайвандҳои дастрасӣ

ЮНИСЕФ 5 миллион доллар ҷудо мекунад



Тоҳири Сафар



Бунёди ҳимоят аз кудакони Созмони Милали Муттаҳид "ЮНИСЕФ" эълом кард, ки барои татбиқи барномаҳои имдодӣ дар Тоҷикистон 5 миллион доллар ихтисос медиҳад.

Дар ин бора муовини мудири иҷроияи ЮНИСЕФ Карин Шам Пу пас аз мулоқоташ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов иттилоъ дод. Вай гуфт, Бунёди ҳимоят аз кудакони Созмони Милал дар оянда низ ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард, зеро беш аз 60 дар сади аҳолии ин кишварро ҷавонону кудакон ташкил медиҳад.

Карин Шам Пу ҳамчунин аз ташкили Комиссияи миллии назорат бар ҳуқуқи атфол дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд. Мансабдори Созмони Милали Муттаҳид хабар дод, ки ҳангоми мулоқоташ бо Раҳмонов масъалаи кам сабти ном шудани навзодон дар Тоҷикистонро баррасӣ намуда, гуфтааст, ки ин мушкили ба сабаби қиммати баланди шаҳодатномаи таввалуд аст. Раисҷумҳури Тоҷикистон қавл додааст, ки масъалаи мазкурро баррасӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG