Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саёҳони зиёд ба дараи Чилдухтарон рафтанд



Нурмуҳаммади Холзода



Хабаргузории Итар Тасси Русия мегуяд, маҳалли таърихии Чилдухтарон дар ҷануби Тоҷикистон баъд аз солҳо танаффус дубора ба ҷои зиёрати саёҳон табдил ёфт. Ин маҳалли таърихӣ аз солҳои ҷанг ба ин су баста буд ва саёҳон бино ба далоили амниятӣ наметавонистанд аз он ҷо боздид кунанд.

Баъд аз фурупошии Шуравии собиқ субҳи рузи сешанбе, 15 апрел нахустин гуруҳи саёҳон аз кишварҳои муштаракулманофеъ ба ин дара роҳ пеш гирифт.

Қосим Ғаффоров-раиси ширкати саёҳии Тоҷикистон ба Итар Тасс гуфт, ки дар дараи Чилдухтарон 40 муҷассамаи сангини духтарони маҳзун гуё саф оростаанд.

Ривояте вуҷуд дорад, ки ин чил духтар замоне нахостаанд ба асорати аҷнабиён дароянд ва аз худо хостаанд, ки онҳоро ба санг табдил диҳад. Мардум ба ин ривоят бовар доранд ва ҳар сол дар мавсими гул ин муҷассамаҳоро бо гулҳои рангоранг оро медиҳанд.

XS
SM
MD
LG