Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чопхонаи Ҳизб-ут-таҳрир кашф шуд



Тоҳири Сафар



Кормандони хадамоти амниятӣ дар Тоҷикистон як чопхонаи хурди нашри адабиёт ва варақаҳои тарғиботии созмони тундрави "Ҳизб-ут-таҳрир"-ро ошкор карданд.

Хабаргузории Итар Тасс аз қавли як корманди яке аз сохторҳои интизомии Тоҷикистон навиштааст, аз ин чопхона 500 адад адабиёти тарғиботӣ ва таҷҳизоти табъу нашр пайдо ва мусодира шудааст. Ду нафар бо иттиҳоми узвият дар "Ҳизб-ут-таҳрир" дастгир шуданд.

Корманди сохтори интизомӣ аз ошкор кардани макон ва шахсияти боздоштшудаҳо худдорӣ карда, гуфтааст ифшои ҷузъиёти хабар ба ҷараёни таҳқиқоти парвандаи мазкур халал мерасонад.

Ба навиштаи Итар Тасс, аз оғози сол то кунун дар Тоҷикистон 20 аъзои "Ҳизб-ут-таҳрир" боздошт ва ду чопхонаи хурди ин созмон ошкор шудааст.

XS
SM
MD
LG