Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон



Абдуқаюми Қаюмзод

Боришот ва селобаҳо сабаби хароб шудани даҳҳо манзили зист, садҳо гектар майдони кишти гандуму пахта ва боғот гаштааст.

Ду сокини навоҳии Ёвон ва Совет бар асари ҳаводисе, ки ба дунболи боронҳои пайдарпай ба вуқуъ пайваст, ҷони худро аз даст доданд. Абдураҳим Раҷабов - муовини вазири ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон гуфт, ин ҳодиса 12 ба 13 апрел рух дод. Вай афзуд, писарбачаи мактабхони 12 сола Мансур Ҳасанов зери сел монда ба ҳалокат расид. Ҷаноби Раҷабов гуфт, то ҳоли ҳозир шахсияти нафари дуввум, ки дар ноҳияи Совет қурбонии офати табиӣ шудааст, номаълум мебошад.

Муовини вазорати умури изтирории Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, дар дигар навоҳии кишвар низ бар асари ин боришот хисороте ба мардум ва кишоварзӣ ворид шудааст. Оқои Раҷабов гуфт, офати табиӣ махсусан дар ноҳияи Ёвон боиси комилан нобуд шудани даҳҳо манзили зист садҳо гектар майдони кишти гандуму пахта ва боғот, садҳо сар ҳайвоноти шахсиву ҷамъиятӣ ва ғайриқобили истифода шудани чандин километр хати интиқоли барқ гаштааст.

Ӯ идома дод, то кунун мизони ин хисорот дақиқ нест, вале бар асоси омори тахмини ноҳияи Ёвон беш аз як миллион доллари амрикоӣ ва дигар навоҳӣ тақрибан 200 ҳазор долларӣ зиён дидаанд.

Боришоти шадиди якшанбе ва сели ғайримунтазира ҳамчунин барои бархе аз сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти кишвар низ зиёнбор тамом шудааст. Бар пояи маълумоти вазорати изтирорӣ селоба 80 манзили сокинони пойтахтро барои зиндагӣ номумкин сохтааст. Гуфта мешавад, чанде аз оилаҳои зарардидаро ба ҷойҳои бехавф кӯч додаанд. Ва дар ҳоли ҳозир Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх аввалин кумакҳоро дар ихтиёри онҳо гузоштааст.

Абдураҳим Раҷабов - муовини вазорати изтирории Тоҷикистон бо такя ба маълумоти идораи ҳавошиносӣ гуфт, соли равон эҳтимолияти афзоиши боришоти шадид ва омадани селобаҳо нисбати солҳои пешин зиёд аст. У гуфт, махсусан хатари канда шудани сарбанди Чубек дар ноҳияи Маскави минтақаи Кулоб нигаронкунанда мебошад. Ҷаноби Раҷабов ҳамчунин гуфт, боришоти ахир ҳамчунин дар қисмати шимоли кишвар низ хисороти зиёд ворид намудааст. Махсусан пайопай фаромадани тарма роҳи гарданаи Шаҳристонро тайи чанд рӯзи ахир масдуд сохтааст.

Гуфта мешавад, ба манзури рафъи авоқиби офати табиӣ як камиссиюни ҳукумати бо сарвари Асадулло Ғуломов - муовини сарвазири Тоҷикистон таъсис ва ба минотиқи зарадида фиристода шудааст.

XS
SM
MD
LG