Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МАГАТЭ мегуяд, партовгоҳҳои маргбори маводи радиоактив дар ИДМ назорат намешаванд



Нурмуҳаммади Холзода

Ин муассиса аз кишварҳои ҷомеаи муштаракулманофеъ хост, барои ҳифзи партовгоҳҳо тадобири иловагӣ биандешанд.

Дар давоми даҳ соле, ки аз замони фурупошии Шуравӣ мегузарад, рузноманигорон ва фаъолони ҳифзи муҳити зист хатари 12 чоҳи моддаи радиоактив дар наздикии корхонаи "Востокредмет"-и вилояти Суғди Тоҷикистонро борҳо ёдоварӣ карданд.

То солҳои ахир бештар ин масъала мавриди нигаронӣ буд, ки чоҳҳои матрук муҳити атрофро бо ташаъшуъ олуда мекунад ва ба саломатии аҳолии маҳал зарар мерасонад. Вале баъд аз ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001, Ожонси Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ хатари дигари онро низ ёдоварӣ кард. Ба гуфтаи коршиносон, ин чоҳҳо ба бомбе шабоҳат доранд, ки агар мунфаҷир шаванд, масоҳати зиёди атрофро бо ташаъшуъ олуда мекунад. Таҳдиди терроризми ҳастаӣ ё радиоактивӣ гувоҳӣ медиҳад, ки боқимондаи моддаҳои родиоактивӣ бояд дар шароити амн нигаҳдорӣ шавад.

Ожонси Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ мегуяд, ки ин моддаҳо бино ба мавҷуд набудани сармояи зарурӣ дар кишварҳои Шуравии собиқ гоҳо аз назорат берун мемонад. Қонунҳои зарурӣ барои ҳифзу назорати ин чоҳҳо ба тасвиб нарасидааст. Ожонси мазкур ҳамроҳ бо вазорати энержии Амрико ва вазорати неруи ҳастаии Русия як кумисюни вижа ташкил доданд. Ҳадафи кумисюн таъмини амнияти чоҳҳои матруки родиоактив, интиқоли чунин чоҳҳо аз як ҷо ба ҷои дигар дар сурати зарурат дар кишварҳои Шуравии собиқ аст. Аъзои ин кумисюн аз чунин чоҳҳо дар Тоҷикистону Молдова боздид карданд.

Корхонаи "Востокредмет" дар соли 1940 зери назорати Лаврентий Берия-раиси пулиси махфии шуравӣ ё КГБ дар минтақаи дорои захоири зиёди урани Тоҷикистон сохта шуд. Барои коргарони ин корхона шаҳраки Чкаловск бунёд ёфт ва онро кормандони амниятӣ зери назорат доштанд. Шароит ва сатҳи зист дар ин шаҳрак беҳтар аз шаҳрҳову навоҳии дигари Тоҷикистон буд. Нахустин бомбаи шуравӣ аз урани Тоҷикистон сохта шуд. Бино ба маълумоти коршиносон ҳоло миқдори зиёди боқимондаи уран ё моддаҳои родиоактив дар чоҳҳое дар атрофи маҳаллоти аҳолинишин дафн шудааст. Востокредмет ва мақомоти Тоҷикистон мегуянд, ки ин чоҳҳо зери назорат қарор дорад. Вале матбуоти маҳаллӣ менависад, ки атрофи чоҳҳо панҷара гирифта нашудааст ва аз даҳ сол ба ин су ин чоҳҳо ба таври зарурӣ нигаҳдорӣ намешавад.

Оё террористҳо ва ё қочоқгарон метавонанд моддаҳои ин чоҳҳоро ба ғорат баранд ва аз он бомбаҳои нокомил дуруст кунанд? Гордон Линдсей-коршиноси Ожонси Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ дар ин бора ба радиои Озодӣ чунин гуфт:"Агар ин чоҳҳо бузург бошанд, дар он сурат ҷавоби суол ба мавҷудияти радионуклид ё моддаҳои дигари зарурӣ дар таркиби ин моддаҳо иртибот дорад. Агар ин моддаҳо бошанд, сохтани бомба имкон дорад. Вале дар мавриди Тоҷикистон ман фикр намекунам, ки мо ҳоло маълумоти комил дошта бошем".

Бар асоси маълумоти мавҷуда, меъёри радиатсия дар Тоҷикистон соате 57 микрорентген нишон дода мешавад. Ин дар муқоиса бо кишварҳои аврупоӣ, ки 30 микрорентген мебошад, меъёри қобили қабул аст. Вале коршиносони маҳаллӣ мегуянд, ки меъёри радиатсия дар баъзе манотиқи вилояти Суғд даҳҳо баробар аз меъёри маъмулӣ бештар аст. Дар Ғозиёну Чкаловск ва Табошару Адрасмон ин нишондиҳандаҳо нигаронкунанда мебошанд. Сатҳи радиатсия дар ин маҳалҳо соате ба 350 микрорентген мерасад. Мардуме, ки дар ин манотиқ ба сар мебаранд, аз хатари радиатсия огаҳ нестанд.

Ҳотам Муртазоев- професори донишгоҳи Суғд мегуяд, кудакон дар наздикии ин чоҳҳо бозӣ мекунанд. Чорво дар он ҷо мечарад ва алафи заҳролудро мехурад. Сипас маҳсулоти ширии чунин чорво ва ё гушти он дар бозорҳо ба фуруш бароварда мешавад. Вай мегуяд, ҳатто сокинони деҳоти атроф аз ин чоҳҳо ба қавли худашон фулузоти гаронбаҳо ҷустуҷу мекунанд, то онро ба савдо зананд:"Дуздии фулузоти ин ҷо хеле хатар дорад. Мо ҳатто акси онҳоро дорем. Дар акс шумо чанд сокини деҳаи Қатағанро мебинед, ки бо зоғнулу белу каланд аз ин чоҳҳо чизеро мекобанд. Намояндагони Ожонси Байналмилалӣ меъёри радиоктив дар вуҷуди ин одамонро санҷиданд".

Ба гуфтаи коршиносон, чунин кор хатари марговар дорад. Мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ вақт маълумоти мавҷуда дар бораи сатҳи радиатсия дар организми мардуми ин маҳалро дастраси созмонҳои иҷтимоӣ ва ё байналмилалӣ намекунанд. Бо вуҷуди ин Бахтиёр Аҳмадов-сартабиби маркази муъолиҷаи бемориҳои саратони вилояти Суғд мегуяд, ки шумораи беморон аз ин маҳал ба маротиб зиёд аст.

XS
SM
MD
LG