Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осебдидагони Чернобил ниёз ба кумак доранд



Нурмуҳаммади Холзода



Фаридун Ҳакимов-раиси созмони тоҷикистонии Союз-Чернобил мегуяд, ки ҳар сол 10-12 нафар аз тоҷикони собиқадори маъракаи бартарафсозии оқибатҳои Чернобил аз таъсири радиоактив мемиранд. Бисёрии онҳо аз хобу хези оилавӣ маҳрум шудаанд.

Коршиносон сабаби онро шароити бади зист ва камбуди хадамоти тиббӣ арзёбӣ мекунанд. Фарзандоне, ки аз онҳо ба дунё меояд, бемору заъифанд ва то синни ду-се солагӣ зинда мемонанд. Созмони Союз-Чернобил мегуяд, тақрибан 95 дарсади онҳо ҷои кор надоранд. Бо чунин беморӣ онҳо маҷбур мешаванд барои гузарони зиндагӣ ба Руссия сафар кунанд ва муваққатан ба мардикорӣ машғул шаванд.

Гузориши муфассал дар гушаи Иҷтимоиёт

XS
SM
MD
LG