Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти пурфоҷиаи тоҷикони осебдида дар ҳодисаи Чернобил



Нурмуҳаммади Холзода

Фаридун Ҳакимов - раиси созмони Союз-Чернобил мегуяд, ки ҳар сол 10-12 нафари онҳо аз таъсири радиоактив мемиранд.

Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ дар Лондон мақолаи Зафар Абдуллоев-рузноманигори тоҷикро дар бахши гузоришҳои Осиёи Марказии худ ба нашр расондааст. Ин мақола ба сарнавишти осебдидагони ҳодисаи Чернобил иртибот дорад. Аз ин ҳодиса 20 сол мегузарад ва то ҳол осебдидагони он интизоранд, ки давлати Тоҷикистон қонунеро барои кумак ва ҳимояти онҳо таҳия мекунад ва барои тасвиб ба парлумон мефиристад, зеро аз ваъдаи мақомоти давлатӣ вақти зиёд гузаштааст.

Албатта, онҳо як тарҳи тақрибиро дар ин бора дар даст доранд, вале барои такмил ва тасвиби он чандон аҷала намекунанд. Онҳо мегуянд, ки барои иҷрои ин қонун маблағи зарурӣ вуҷуд надорад. Ин тарҳи қонунро кормандони вазорати кор ва шуғли аҳолии Тоҷикистон якҷо бо Созмони Ғайридавлатии Союз-Чернобил таҳия карда буданд.

Соли 1985 беш аз 3 ҳазору панҷсад нафар тоҷик ҳамроҳ бо гуруҳи бузурги муҳандисону коршиносони саросари шуравӣ барои тасфия ё поккории корхонаи ҳастаии Чернобил аз боқимондаҳои радиоактив ба он ҷо фиристода шуданд. Ҳоло тақрибан 2 ҳазору сад нафари онҳо узви созмони Союз-Чернобил мебошанд. Аз онҳо 700 нафар маълул ё инвалид ҳастанд ва сад нафари дигар хонадор нашудаанд.

Фаридун Ҳакимов-раиси ин созмон мегуяд, ки ҳар сол 10-12 нафари онҳо аз таъсири радиоактиф мемиранд. Бисёрии онҳо аз хобу хези оилавӣ маҳрум шудаанд. Коршиносон сабаби онро шароити бади зист ва камбуди хадамоти тиббӣ арзёбӣ мекунанд. Фарзандоне, ки аз онҳо ба дунё меояд, бемору заъифанд ва то синни ду-се солагӣ зинда мемонанд. Созмони Союз-Чернобил мегуяд, тақрибан 95 дарсади онҳо ҷои кор надоранд. Бо чунин беморӣ онҳо маҷбур мешаванд барои гузарони зиндагӣ ба Руссия сафар кунанд ва муваққатан ба мардикорӣ машғул шаванд.

Тибқи тарҳи қонуне, ки ҳоло дар ҳоли таҳия аст, коргузор, яъне корхонаи Чернобил ҳамаи ҷубронпулии беморонро аз рузи аввали истиқлолияти Тоҷикистон бояд ба ширкаткунандагони Чернобил пардохт кунад. Ин бад-он маъност, ки онҳо корношоям мебошанд ва ҳаққи худро бояд бигиранд. Осебдидагони Чернобил мегуянд, фармон дар бораи осебдидагон соли 1992 дар Тоҷикистон ба тасвиб расида буд ва то ҳол ба эътибори худ боқист. Ба он муолиҷаи ройгон дар марказҳои саломатӣ ва осоишгоҳҳо ё пардохти махориҷи он, муоинаи ройгони тиббӣ, гирифтани қарзҳои бидуни андоз ва хариди замин барои сохтмони хона дар назар гирфта шудааст.

Дар баъзе манотиқ аъзои Созмони Ғайридавлатии Союз Чернобил ба пешрафт ноил шуданд. Онҳо тавонистанд аз мақомоти маҳаллӣ тибқи ин фармон ҳаққи солонаи корношоямии худро бигиранд ва нақлиёти ҷамъиятиро ройгон истифода кунанд. Вале Фаридун Ҳакимов-раиси созмони Союз-Чернобил мегуяд, ки бидуни қонуни зарурӣ ҳалли ин масъала дар ҳама манотиқ душвор аст. Ҳакимов мегуяд, ки тарҳи ин қонун мумкин аст моҳи апрел ё маи соли ҷорӣ дар парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расад. Ба гуфтаи вай, осебдидагон имтиёзи зиёд намехоҳанд. Онҳо мехоҳанд, ки ҳадди аққал, барои зинда мондан барояшон шароити зарурӣ фароҳам оранд.

XS
SM
MD
LG