Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рузномаҳои Тоҷикистон дар вартаи муфлисӣ



Саидқосими Қиёмпур

Сардабирони нашрияҳои кишвар аз ҳукумат тақозо карданд, ки ба шикасти молии рузномаҳо роҳ надиҳад.

Сардабирони 30 нашрияи Тоҷикистон дар як нома ба унвони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов бонги изтироб заданд, ки матбуоти кишвар ба бӯҳрони шадиди иқтисодӣ мувоҷеҳ аст.

Яъне моҳҳои ахир аксари рузномаҳо теъдоди нашрро коҳиш доданд, мушкилоти иқтисодӣ барои сари вақт чоп шудани баъзе ҳафтаномаҳо имкон намедиҳад, то ҳол дар Тоҷикистон ягон рӯзнома арзи вуҷуд накардааст.

Акбари Саттор, муассиси чанд нашрияи мустақили Тоҷикистон ба бахши тоҷикии Родиёи Озодӣ гуфт, мо аз ҳукумат кумаки молӣ тақозо накардаем. Сардабирон дар мавриди коҳиши қиммати чоп ва нархи коғаз дар нашриёти ҳукуматии "Шарқи озод" низ талабе ба миён нагузоштаанд. Акбари Саттор мегӯяд, бӯҳрони иқтисодии феълиро бо коҳиш ва ё аз байн бурдани андози миёншикан метавон паси сар намуд:"Мо ба раисҷумҳур ва парлумони кишвар муроҷиат кардем, ин як хоҳише буд, аз ҷониби журналистон ва сармуҳаррирони рӯзномаҳои Тоҷикистон. Хоҳиш ҳамин буд, ки камтар моро аз андоз озод кунад, зеро андози мо ниҳоят вазнин аст. Дар Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия нашрияҳо панҷ сол аз андозсупорӣ озод шудаанд. Аз ин сабаб ба хотири шакл гирифтани матбуоти Тоҷикистон ва мавқеи худро пайдо кардани он мо ба ҳукумат муроҷиат кардем."

Гуфта мешавад, ки имрӯз ба чанд нашрияи Тоҷикистон хатари қатъи фаъолият таҳдид мекунад. Ба гуфтаи таҳлилгарон, камбуди маблағ ба вижа, вазъи ҳафтаномаҳои "Омӯзгор", "Наврӯзи Ватан", "Курйер Таджикистана" ро хароб кардааст. Тасмими ахири Маҷлиси намояндагон дар мавриди коҳиши реклама дар нашрияҳо қатъи фаъолияти бархе аз расонаҳоро наздиктар хоҳад кард.

Акбари Саттор мегӯяд, дар вазъи феълӣ ягона роҳи наҷот боло бурдани нарх аст, ки ин зарба ба алоқамандони матбуот хоҳад буд. Аз сӯи дигар, шояд ҳазорон нафар аз харидани рӯзномаҳо даст кашанд, мегӯяд Акбари Саттор:"Агар мо каме қиммати рузномаҳоро боло барем, мардум дигар аз харидани нашрияҳо даст мекашанд, зеро қудрати харидории онҳо заъиф аст."

Ва аммо таҳлилгарон ба пазируфта шудани талаби сардабирони рӯзномаҳо шубҳа надоранд. Онҳо мутмаинанд, ки дар остонаи раъйпурсӣ роҷеъ ислоҳи Сарқонуни Тоҷикистон ҳукумат ба нашрияҳои ба истилоҳ "худӣ" ва ҳадди аққал "бетараф" сахт ниёз доранд.

То имрӯз нашрияҳои ҳукумативу ғайридавлатии Тоҷикистон аз баррасии ҳадафҳои раъйпурсӣ ва имкони боз ду муҳлати 7 солӣ роҳбари Тоҷикистон боқӣ мондани Имомалӣ Раҳмонов худдорӣ мекунанд. Як корманди рӯзномаи парламентии "Садои мардум" дар сӯҳбат бо мо таъйид намуд, ки ҳафтаҳои ахир дар дафтари раисҷумҳур ва Маҷлиси намояндагон талошҳои ошкору ниҳон барои сӯи худ ҷалб намудани нашрияҳои шахсӣ авҷ гирифтаанд. Ва кӣ медонад, шояд номаи сардабирон дар дафтари раисҷумҳур таҳия шудааст, тахмин зад мусоҳиби мо.

Ба иттилоъи вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар беш аз 200 нашрия сабти ном шудааст. Соли гузашта сабти номи бархе аз онҳо, ки бо сабаби камбуди маблағ муддатҳо нашр намешуданд, лағв гардид. То ҳануз дар Тоҷикистон ягон рӯзномаи мустақили сиёсӣ ва ягон нашрияи ҳарруза чоп намешавад.

XS
SM
MD
LG