Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти вазирони ИДМ дар Душанбе поён ёфт



Раҳматкарими Давлат



Рузи ҷумъа, 11 апрел дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои муштаракулманофеъ баргузор шуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар расми ифтитоҳи ин нишаст гуфт, мардуми кишварҳои муштаракулманофеъ чашм ба суи ҳукуматҳои худ духтаанд, то бо андешидани тадобири мушаххас ниёзмандиҳои онҳоро бароварда созанд. Вай дар хитоб ба вазирони хориҷа изҳор намуд, Иттиҳоди Давлатҳои Ҳамсуд ҳақ надорад, онҳоро ноумед созад.

Дар ҷараёни нишасти вазирон, ҷанги Ироқ, мубориза бо тероризм мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вазири умури хориҷаи Украин Антолий Зеленко пас аз анҷоми нишаст гуфт, расонидани кумакҳои башарӣ ба Ироқ ва саҳм гирифтан дар бозсозии он ба тавону ҳиммати ҳар кишвар вобаста мебошад ва кишварҳои узви ҷомеаи ҳамсуд низ аз ин кор набояд дар канор бошанд.

Гузориши муфассал дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG