Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тураҷонзода ба водии Олой рафт



Мирзоҷалоли Шоҳҷамол



Субҳи панҷшанбе, 10 апрел як ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Қирғизистон аз шаҳри Уши ин кишвар ба водии Олой дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ аст, сафар кард.

Ҳайати Тоҷикистонро, муовини нахуствазир Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва ҳайати Қирғизистонро Бозорбой Мамбетов ноиби сарвазири ин кишвар раҳбарӣ мекарданд. Ҳадафи аслии ҳайатҳо ба Олой баррасии масъалаи заминҳои иҷора, ки тибқи як қарордоди соли 1946-ум ҷониби Қирғизистон барои истифодаи муваққатӣ ба Тоҷикистон дода буд, арзёбӣ мешавад.

Ҳудуди заминҳои иҷора ба 50 ҳазор гектар замини корам ва чарогоҳ баробар буда, айни ҳол дар ин ҷо асосан қирғизҳои ноҳияи Мурғоб, ки шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, бо теъдоди 4 ҳазор нафар ба сар мебаранд.

Тирамоҳи соли гузашта тайи як қарори ҳукумати Қирғизистон бар асоси ин далел, ки муҳлати истифодаи ин заминҳо ба охир расидааст, ҳукумати Бишкек барои бозгардони заминҳо ба ҳайати вилояти Ӯши Қирғизистон супориш дод. Мақомоти вилояти Ӯш вазифадор гардиданд, ки дар асоси заминаҳои қонунӣ баргардони заминҳоро ба ҳудуди ин вилоят то охири моҳи апрели соли 2003-ум анҷом диҳанд.

Аз суи дигар сокинони Олой дар заминҳои иҷора, ки қирғизтаборони ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон мебошанд, бо изҳори нигаронӣ аз сарнавишти ояндаи хеш, ба раиси вилояти Бадахшон ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон нома навиштанд. Дар номаи онҳо гуфта мешуд, аксарияти онҳо мехоҳанд, шаҳрванди Тоҷикистон бимонанд.

XS
SM
MD
LG