Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марзи Тоҷикистону Чин 33 мина ёфт шуд



Искандари Хоҷа Мирзода



Мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Қирғизистон 56 килограмм маводи мухаддир мусодира карданд. Хабаргузории Итар Тасс рӯзи 10 апрел бо такя ба иттиллои Оҷонсии мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддир дар Тоҷикистон навишт, дар рафти амалиёти муштараки маъмурони интизомии Тоҷикистону Қирғизистон ду қочоқбар низ дастгир шуд. Тафтиши ҳодиса шурӯъ шудааст.

Дар ҳамин ҳол рузи 10 апрел Кумитаи марзбонии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар ду рӯзи гузашта сарҳадбонони тоҷик аз қочоқбарони афғон 40 кило маводи мухаддира мусодира карданд, ки бахши аъзами онро ҳероин ташкил медиҳад. Марзбонони тоҷик ҳамчунин дар сарҳади Тоҷикистону Чин аз наздикии кули Қарокули Бадахшон 33 минаи зиддитанк пайдо карданд.

XS
SM
MD
LG