Пайвандҳои дастрасӣ

Сел 16 манзилро дар Ашт вайрон кард



Искандари Хоҷа Мирзода



Хабаргузории Азия Плюс иттилоъ медиҳад, ки боронҳои сели рӯзҳои ахир ду ноҳияи вилояти Суғдро бо хасорот мувоҷеҳ кардаанд. Дар натиҷаи борони шаби 8 ба 9 апрел дар се деҳаи ноҳияи Ашт - Ошоба, Шеварӣ ва Пунук, ки 18 ҳазор аҳолӣ доранд, шабакаҳои таъмини барқ, 16 пул ва 16 хона зиён диданд.

Ба мисли он, бар асари борони шаби 7 ба 8 апрел 20 ҳектар майдонҳои кишти деҳаи Амондараи хоҷагии ба номи Фирдавсии ноҳия Панҷакент зери обу лой мондаанд.

XS
SM
MD
LG