Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзномаи нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои ИДМ дар Душанбе



Абдуқаюми Қаюмзод

Ҷанги Ироқ, муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва экстремизм мавзӯоти умда дар нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои узви ИДМ хоҳад шуд.

Масъалаи ҷанги Ироқ ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Ҳамсуд, муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва экстремизм мавзӯоти умда дар нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои узви ин Иттиҳод аст, ки қарор аст, фардо дар Душанбе баргузор гардад.

Тибқи иттилои вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ҳамчунин дар ин нишаст барномаи таҷлил аз 60-солагии пирӯзи Иттиҳоди Шуравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ баррасӣ мешавад.

Аммо ба назари таҳлилгарони тоҷик баъид ба назар мерасад, ки вазирони хориҷаи кишварҳои муштаракулманофеъ дар робита ба қазияи Ироқба як мавқеи воҳид даст ёбанд. Таҳлилгарон мегӯянд, кишварҳои узв ба буҳрони Ироқ ҳар кадоме аз доираи манофеъи худ назар мекунанд.

Нуралӣ Давлатов коршиноси тоҷик мегӯяд, ҷанги Ироқ ҳеҷ таъсири манфӣ ва ё мусбате дар амнияти Тоҷикистон ба бор нахоҳад овард. Аммо ба назари оқои Давлатов, ҳоло Русия мехоҳад бо истифода аз вазъияти ба амаломада дар Ироқ дубора нуфузи худро дар кишварҳои шуравии собиқ эҳё кунад:"Баъзе аз масъалаҳое ҳастанд, ки метавонанд вобаста ба амнияти минтақа ҳамгироии кишварҳои муштаракулманофеъро ҳифз кунанд. Ин қочоқи маводи мухаддир ва мубориза бо терорризм аст, ки дар бораи он зиёд сухан меравад. Фикр мекунам, дар ин маврид онҳо метавонанд, ки баъзе масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳанд, то дар оянда ҳамкорӣ кунанд. Аммо дар мавриди Ироқ, ки ихтилофи назарҳо дар робита ба он вуҷуд доранд, фикр намекунам, вобаста ба Ироқ дар ин нишаст ягон қатънома қабул шавад."

Аммо тибқи иттиллои як манбаи наздик ба доираҳои ҳукумати Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, Игор Иванов - сардори идораи умури берунаи Русия талош хоҳад кард, ҷиҳати баррасии қазияи Ироқ дар Созмони Милал аз тариқи баргузории Ассамблеяи генералӣ пуштибонии кишварҳои муштаракулманофеъро пайдо кунад. Русия қасд дорад, кишварҳоро мутақоид созад, ки ҳалли буҳрони Ироқ танҳо аз тариқи мудохилаи СММ қобили файсала мебошад ва дар ҳалли ин буҳрон ҷомеаи байналмилал бояд саҳм бигирад.

Сӯҳроб Шарипов - сиёсатшиноси тоҷик мегуяд, Тоҷикистон ва Русия дар қазияи Ироқ назари алоҳида доранд. Оқои Шарипуф меафзояд:"Русияро фаҳмидан мумкин, аммо Тоҷикистон дар Ироқ ягон манфиати иқтисодӣ ва ё геостратегӣ надорад. Русия дар Ироқ манофеъи зиёди комили иқтисодӣ ва геостратегӣ дошт, аз ин ҷиҳат маҳдуд кардани ин манофеъи Русия аз тарафи Амрико ба Русия хушоянд нест. Аз ин ҷиҳат ин кишвар ҳаракат карда истодааст, то манфиатҳои иқтисодии худро дар Ироқ аз даст надиҳад. Аммо Тоҷикистон мегӯяд, мо ташвишҳои Амрикоро мефаҳмем ва ин бар он маънист, ки Тоҷикистон дар робита ба буҳрони Ироқ мавқеи миёнаро касб кардааст, то муносибати худро на бо Амрико ва на бо Русия халалдор накунад."

Интизор меравад, дар расми ифтитоҳи ҷаласаи Шурои вазирони хориҷаи ИДМ Эмомалӣ Раҳмонов иштирок ва суханронӣ кунад.

XS
SM
MD
LG