Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Театри Лоҳутӣ тармим хоҳад шуд



Мирзои Салимпур



Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон барои тармими бинои театри давлатии академии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ 500 000 сомонӣ ҷудо кард, ки муодили тақрибан 150 000 доллари Иёлоти Муттаҳида аст. Ин кумак аз ҳисоби маблағҳои сандуқи захиравии раисиҷумҳури Тоҷикистон иттихоз дода мешавад.

Дар ҳафтаи гузашта як гуруҳ ан ҳунарпешаҳои маъруфи театри Лоҳутӣ дар як номаи саркушода аз раисиҷумҳури Раҳмонов тақозо карданд, ки дар мавриди тармими бинои театр мусоидат кунад.

Тармими бинои театри ба номи Лоҳутӣ қариб 10 сол аст идома дорад, аммо бино бар камбуди маблағ то ҳол ба поён нарасидааст.

XS
SM
MD
LG