Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши никоҳи духтарони ноболиғ



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Масъулин мушкилоти иҷтимоии мардумро иллати аслии чунин падида ном мебаранд.

Дар манотиқи дур аз пойтахти Тоҷикистон теъдоди никоҳҳои ғайриқонунӣ бо ноболиғон меафзояд. Назокат Қосимова, сарвари шуъбаи сабти аснод ва ҳолатҳои шаҳрвандӣ ё худ ЗАГС-и шаҳри Кулоб мегуяд, дар аксари маворид, дастандаркорони никоҳ бо духтарони ноболиғ мардони сарватманд будаанд, ки аз сатҳи пасти зиндагонии зумрае аз мардум суиистифода карда, духтарони то 17-соларо ба никоҳи худ медароранд.

Назокат Қосимова меафзояд: "Дар Кодекси оила ва никоҳи ҶТ пурра ва рушан гуфта шудааст, ки мо фарзандонро аз синни 17 ҳақ дорем ба шавҳар бидиҳем, вале баъзан ба чашм мерасад, ки мардуми мо ҳуҷҷати духтари худро нодидаву носанҷида духтарро ба шавҳар медиҳанд, ки оқибати он барои саломатии он фарзанд бад буда, дар вақти таваллуд кардани ҳамон духтар мумкин ҳаст ба фалокати норавое оварда бирасонад."

Аммо мақомот барои ҳалли ин масъала танҳо ба муллоҳои ба истилоҳ никоҳкунанда расман таъкид кардаанд, ки онҳо бояд қабл аз маросими никоҳи шариатӣ ҳатман шиносномаи духтаронро аз назар гузаронанд.

Хонум Қосимова мегуяд: "Муллоҳое, ки никоҳи мусалмонӣ мекунанд, бояд аввал ҳамон ҳуҷҷати никоҳшавандагонро аз назар гузаронанд ва баъд никоҳи онҳоро анҷом диҳанд. Аммо баъзан чунин ҳодисаҳоро вомехурем. Ҳоло дар байни мардуми мо як анъана ҳаст, ки духтарам бешавҳар намонад. Маълум аст, ки дар вақти ҷанги бародаркуш бачаҳои мо аз дунё бисёр рафтанд ва духтарони мо бисёр бешавҳар монданд. Падару модарон аз ҳамин чиз хулоса бароварда, шитоб мекунанд, ки чӣ хел шавад, ки фарзанди ман тезтар ба шавҳар барояду намонад."

Аммо теъдоди духтарони ноболиғ, ки ба никоҳи мардони сарватманд медароянд, кам намегардад. Чаро?

Зулфия Атоӣ, сардабири "Фирӯза", маҷаллае барои бонувон мегуяд, мушкили никоҳ бо ноболиғон танҳо хоси манотиқи ҷануби кишвар нест ва дар шимоли Тоҷикистон низ ҷой дорад:"Як даҳ сол аст, ки баъди ҷангҳо чунин ҳодиса рафта истодааст. Ман дар Исфара мебинам чунин равандро, дар ноҳияи дигари куҳистон... Албатта, дар ҳар маҷлису конфаронс ва дар мақолаҳои матбуот ман бисёр мешунавам чунин баҳсҳоро."

Ба гуфтаи Зулфия Атоӣ, сабаби асосии ба никоҳи ғайриқонунӣ ру овардани духтарони хурдсол дар бесаводии қонунии онҳо нуҳуфтааст. Аз ҷониби дигар, ин никоҳҳо дар бисёри маворид зуд барҳам мехуранд ва духтарони аз хонаи падар берун ва аз манзили шавҳар ронда шуда, баъзан бозори танфурӯшонро гарм мекунанд.

Зулфия Атоӣ мегуяд: "Баъде ки онҳо хонавайрон шуданд, ба роҳҳои дигар мераванд. Аз ин ҷо дардҳои дигари ҷомеа, мисли фоҳишагарӣ, мисли танфурушӣ, пайдо мешаванд."

Аммо Назокат Қосимова мегуяд, никоҳи мардон бо ноболиғон аз байн бурда нашавад ҳам, ба ҳеҷ ваҷҳ қонунӣ буда наметавонад ва модарони ноболиғ ҳатто наметавонанд барои фарзанди таваллудкардаи худ зоднома бигиранд.

Аз ҷониби дигар, никоҳ бо ноболиғон тибқи қонун ҷазои муайян дорад. Охирин нафаре, ки бо чунин иттиҳом зиндонӣ гардид, Сулаймон Чолов, фармондеҳи дар гузашта маъруфи Фронти Халқӣ буд.

Аммо Назокат Қосимова мегуяд, то ҳол сарватмандоне ҳастанд, ки фарзандони ғайриқонунии худро дар шаҳри Кулоб расман номнавис мекунанд ва аз муҷозоти қонунҳои ҷорӣ ҳарос надоранд.

XS
SM
MD
LG