Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон боз 10 милён евро кумак мегирад



Тоҳири Сафар



Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо ҷиҳати татбиқи барномаҳои имдодӣ дар Тоҷикистон 10 миллион евро ҷудо мекунад. Бино ба иттилоъи хабаргузории "Азия Плюс", ин маблағҳо барои хариди маводи ғизоиву доруворӣ барои мардуми камбизоат ва поксозии манбаъҳои об масраф хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи ин муассиса, қисми зиёди мардуми Тоҷикистон ниёзманди кумак ҳастанд ва ин кишвар то ба ҳол гирифтори буҳронҳои башарӣ мешавад. Дар баёнияи Комиссияи Аврупо ҳамчунин омадааст, дар Тоҷикистон бар асари нокифоятии ғизо 30 дар сади кудакони то 5-сола вазни ғайриоддӣ доранд. Аксарияти мардуми кишвар дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ надоранд ва бинобар ин пайваста бемориҳои сироятӣ хуруҷ мекунанд.

Иттиҳодияи Аврупо гуфт, аз ҳисоби 10 миллион евро 80 ҳазор мардуми фақир кумаки ғизоӣ хоҳанд гирифт ва ҳамчунин покии шароити зисти 250 ҳазор нафар беҳбуд бахшида мешавад.

Иттиҳоди Аврупо аз соли 1992 то кунун ба Тоҷикистон 145 миллион евро кумак расондааст.

XS
SM
MD
LG