Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мурофиаи 35 нафари муттаҳам ба терроризм



Мирзонабии Холиқзод

Додгоҳи Олии Тоҷикистон мурофиаи ин гуруҳро паси дарҳои баста шуруъ кардааст.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон рузи 7-уми апрел паси дарҳои баста дар маҳбаси ҳафтуми шаҳри Душанбе мурофиаи нахустини парвандаи гуруҳи 35-нафариеро шуруъ намуд, ки ба ҷосусӣ ва хиёнат ба ватан айбдор мешаванд.

Тибқи иттилои Додгоҳи Олии Тоҷикистон, ин афрод соли гузашта дар ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Мастчоҳи шимоли кишвар ва дар мавзеъи Себистони ноҳияи Данғара, воқеъ дар ҷануби кишвар, аз ҷониби вазорати амнияти Тоҷикистон боздошт шуданд. Дар миёни онҳо як шаҳрванди туркмантабори Узбакистон Раҳмат Сабуров низ ҳаст.

Ба мурофиа хабарнигорон иҷоза дода нашуданд ва танҳо дар поёни мурофиа додраси Додгоҳи Олӣ ва масъули парвандаи мазбур Насим Ҳасанов дар саҳни маҳбаси 7-ум ба наздикони айбдоршавандаҳо ба таври хеле кутоҳ гуфт, шумо ҳақ доред дар як моҳ як маротиба бо фарзанди худ мулоқот кунед.

Мурофиа имкон дорад 4 моҳ тул кашад ва он пушида мегузарад. Оқои Ҳасанов дар посух ба ин суол, ки чаро ин мурофиа пушида мегузарад, гуфт:"Мумкин нест, барои он ки мумкин нест."

Оқои Ҳасанов ҳатто шарҳи инро, ки чаро мурофиа пушида мегузарад, номумкин ҳисобид. Ҳимоятгарони афроди мазнун, ки беш аз даҳ нафар буданд, низ дар бораи мурофиа ва чандучунии он чизе намегуфтанд. Дилбар Додоҷонова, яке аз вакилони мудофеъ зикр кард, ки ин парванда махфӣ мебошад аз ин ру мурофиа низ пушида аст.

Ба назари хонум Додоҷонова, ин гуруҳ, ки бо моддаҳои гуногуни Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла ба хиёнат ба ватан, ҷосусӣ, қатлу террор ва одамрабоӣ муттаҳам шудаанд, бо кадом як гуруҳи ғайриқонунӣ ҳамкорӣ доштаанд. Аммо вакили дифоъ аз шарҳи ин, ки оё ин кадом гуруҳи ғайриқонунӣ мебошад, худдорӣ намуд.

Вай гуфт:"Мо ҳозир доир ба он корҳо ва он ҳолатҳое, ки дар парвандаи ҷиноӣ ҳаст, то муҳокимаи додгоҳ набояд дар ягон ҷой гап занем."

Вале дар суҳбат наздикони айбдоршавандаҳо мегуянд, фарзандони онҳо барои ин ки дар мадрасаҳои Эрон таҳсил намудаанд, ба маҳбас кашида мешаванд. Аз суҳбати наздикони мазнунон рушан мегардад, ки фарзандони онҳо дар Эрон таҳсилу кор кардаанд, вале ин далели он нест, ки онҳо бо гуруҳҳо ё шабакаҳои террористӣ ҳамкорӣ доштаанд.

Якеи онҳо гуфт: "Фарзанди ман мегуяд, ҳамин айбномае, ки дар гардани ман задаанд, ягон корашро ман накардаам. Дар маҳбас зада қабурғаҳояшро шикастаанд. Ман ба додситон шикоят менависам. Писари ман маълумоти олии иқтисодӣ дошт ва донишгоҳро хатм карда буд."

Додситонии кулли Тоҷикистон то интиқоли ин парванда ба Додгоҳи Олӣ изҳор дошта буд, ки як гуруҳи беш аз 30-нафариро боздошт кардааст, ки ба шакли як шабакаи муназзами террористӣ ба анҷоми амалҳои терористӣ дар дохили кишвар машғул будааст.

Додситонии кулл куштори Собирҷон Бегиҷонов, раиси собиқи ноҳияи Ҷаббор Расуловро яке аз амалҳои терористии ҳамин гуруҳ меҳисобад.

Ба иттилои додситонии кулл, ин гуруҳ аз тарафи як кишвари хориҷӣ маблағгузорӣ мешуд, аммо кадом кишваре дар ин робита мушаххасан ном бурда нашудааст. То замоне, ки ин гузориш омода мешуд, додситонии низомӣ ва Додгоҳи Олӣ низ аз бурдани номи кишваре, ки аъзои ин гуруҳи 35-нафарӣ дар сояи он қарор доштааст, худдорӣ мекард.

Дар соли 2003 ин нахустин парвандае мебошад ки ба қавли Додгоҳи Олӣ ҳам махфӣ буда ва ҳам мурофиаи он пушида мегузарад. Имкон дорад ҳукми ин мурофиа дар моҳи августи соли равон эълом шавад.

XS
SM
MD
LG