Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигоҳе ба равобити Тоҷикистону Украина дар пешоруи сафари Леонид Кучма ба Душанбе



Абдуқаюми Қаюмзод

Соли гузашта мубодилоти байни ду кишвар 30 дар сад афзуда, 86 милён долларро ташкил додааст.



Леонид Кучма, президенти Украина тайи як сафари расмӣ ба Тоҷикистон бо ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмонов дидору гуфтугу ва як қатор масоили сиёсиву иқтисодиро баррасӣ хоҳад кард. Ин нахустин сафари расмии президенти Украина ба Тоҷикистон буда, то се руз идома хоҳад кард.

Тибқи иттилоъи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Украина ва ҳайати ҳамроҳаш шаш созишнома дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо хоҳад расид.

Салоҳиддин Насриддинов, муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, гуфт, дар баробари имзои созишномаҳо ҳамчунин дар назар аст, ҳуҷҷате ба имзо расад, ки тартиби равуо ва шаҳрвандиро дар байни ҳар ду кишвар муайян хоҳад кард. Салоҳиддин Насриддинов афзуд:"Ҳамчунин созишнома дар бораи мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, созишнома дар бораи мубодилаи дуҷонибаи маълумот ва ҳамчунин созишномаҳо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ба имзо хоҳанд расид."

Коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки равобити Украинаву Тоҷикистон, ду узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, то чанде пештар ба иллати ин, ки Украина бештар тамоюл ба ғарб дошт ва Тоҷикистон ба Русия такя мекард, назаррас набуд.

Аммо ба ақидаи Рашид Ғанӣ, коршиноси мустақили тоҷик, муносиботи Украинаву Тоҷикистон, ду кишвари муштаракулманофеъ, пас аз оғози амалиёти низомии Эътилофи байналмилалии зиддитеррор дар Афғонистон тобиши тоза пайдо кард. Оқои Ғанӣ гуфт, барои Тоҷикистон аз ду ҷиҳат устувории алоқаҳо бо Украина муҳим аст:"Яке ин ки Украина дар дохили ИДМ нуфузи бештар дорад ва дигар ин ки ин кишвар бо мамолики ғарбӣ низ равобити хуб дорад. Он ҳам дар ҳоле ки Леонид Кучма, президенти Украина, раёсати давраии ИДМ-ро низ ба уҳда дорад."

Рашид Ғанӣ меафзояд: "Украина аз қисмҳои аз лиҳози саноатӣ муттарақии Иттиҳоди собиқи Шуравӣ буд. Як бахши муҳими иқтисоди Украина тавлиди дастгоҳҳо барои ниругоҳҳо мебошад ва барои Тоҷикистон ҳамкориҳо бо Украина ба вижа дар риштаи энергетика муҳим хоҳад буд."

Тибқи иттилоъи вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, равобити иқтисодии миёни ҳар ду кишвари Украина ва Тоҷикистон ру ба пешрафт дорад. Ғафур Расулов,сухангуи ин вазорат гуфт, ҳаҷми табодули моли миёни кишварҳо дар соли 2002 дар муқоиса бо соли 2001 сӣ дар сад афзоиш ёфтааст. Вай афзуд: "Ҳаҷми муомилоти моли байни ду кишвар дар соли 2002 86 милён долларро ташкил дод, ки назар ба соли пешин зиёдтар мебошад. Порсол мо ба Украина беш аз 5 000 тонна нахи пахта фурухтем ба мабалағи 4,5 милён доллари амрикоӣ. Аз Украина бошад ба маблағи 62 милён доллар хокаи алюмин гирифтем. Ҳаминро ҳам таъкид карданӣ ҳастам, ки дар заминаи корхонаи арзизи Тоҷикистон байни Тоҷикистону Украина як корхонаи муштарак сохта шудааст, ки ба тавлиди сими кабел махсус мебошад."

Дар барномаи сафари серузаи Леонид Кучма ба Тоҷикистон, ки қарор аст, рузи 8-уми апрел шуруъ шавад, ҳамчунин мулоқоти у бо раисони ҳар ду палатаи парлумон ва сарвазири Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст. Ҳамчунин Леонид Кучма аз ниругоҳи Норак ва корхонаи арзизи Тоҷикистон дидан хоҳад кард. Сафари расмии президенти Украина ба Тоҷикистон рузи 10-уми апрел анҷом хоҳад ёофт ва у дар ин руз Душанберо ба қасди Бишкек, пойтахти Қирғизистон тарк мекунад.

XS
SM
MD
LG