Пайвандҳои дастрасӣ

Гулчеҳра Сулаймонова вафот кард



Хиромони Бақозода



Рузи ҷумъа, 4-уми апрел шоираи шинохтаи тоҷик, барандаи ҷоизаи ба номи Рудакӣ Гулчеҳра Сулаймонова дар асари бемории қалб вафот кард.

Гулчеҳра Сулаймонова фарзанди шоири маъруфи солҳои бистуми асри гузашта Пайрав Сулаймонӣ буд. Гулчеҳра асосан барои кудакон шеър менавишт ва аз адибони собиқадоре дар риштаи адабиёти кудаконаи тоҷик шинохта мешуд.

Чандин насли мардуми Тоҷикистон дар ҳавои ашъори барои атфол навиштаи Гулчеҳра Сулаймонова бузург шудаанд ва наздиконаш мегуянд, ки у худ дили софи тифлона дошт ва ба дунё аз равзанаи нигоҳи беолоиши як кудак менигарист.

Рузи шанбе ҷанозаи Гулчеҳра Сулймонова дар ормогоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

XS
SM
MD
LG