Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти вилояти Астрахан мегӯянд, қатори Душанбе-Астрахан барои онҳо дарди сар меорад



Муҳаммадраҳими Сайдар

Мақомоти Астрахан эълом додаанд, ки муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз Осиёи Марказӣ ба амният ва вазъи демографӣ хатар дорад.

Мақомоти вилояти Астрахан эълом додааст, ки муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз Осиёи Марказӣ ба амният ва вазъи демографӣ ва таркиби қавмии минтақа хатар дорад. Ба гуфтаи манбаъҳои мақомоти вилоят танҳо дар поезди Душанбе-Астрахан, ҳафтае се бор то 800 мусофир меояд, ки 90 - 95 дар сади онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Манбаъ онҳоро беҳунар, камсавод, ғолибан бесавод меномад ва меафзояд:"Баъзе онҳо умуман забони русиро балад нестанд". Гуфта мешавад, дар ҷаласаи охири мақомоти вилоят мавзӯъи ҷилавгирӣ аз тавсиаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ мавриди баррасӣ қарор дошт ва мақомот масъулиятҳои наздиктарини худро мушаххас кард. Ва ин мушаххасот иборат аст, аз ташдиди назорат аз сӯи полис, ихтисос додани маблағ барои ихроҷи иҷборӣ, боздошт дар зиндонҳои муваққатӣ ва ғайраҳо. Ва мунтаҳо, дар сатҳи байниҳукуматӣ ҷорӣ кардани режими виза бо як қатор кишварҳои муштаракулманофеъ, ки кишварҳои аслии муҳоҷирфирист ҳисоб мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти олии Русия, аз ҷумла Владимир Путин дар бархе аз баёнияҳои худ муҳоҷирони корӣ ба Русияро барои кишвари худ ганҷи худодод номидааст.

Гузашта аз ин, Борис Немсов - раиси Ҳизби нерӯҳои рост дар Думаи давлатии Русия бар он аст, ки агар куллияи муҳоҷирони корӣ дар Русия як рӯз даст ба коршиканӣ бизананд, дар Русия ҳам соҳаи нафт, ҳам соҳаи газ ва дар маҷмӯъ куллияи иқтисод фалаҷ мешавад.

Дигар аз донишмандони Русия, доктори илми таърих Виктор Гаврилин, дар рӯзномаи ҳукуматии Российская газета аз таърихи 21 март навишт:"Дар таҳкими муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон омаду рафти шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия барои кори мавсимӣ, саҳми муҳим дошта метавонист ва аммо муттаасифона дар марҳалаи кунунӣ ин масъала ҳарчӣ бештар манбаи таниш қарор мегирад, дар ҳоле ки муҳоҷирати корӣ зотан ҷараёни мутақобилан судманд ба шумор меравад.

Ҳамзамон Гавҳар Ҷӯраева - раиси Маркази муҳоҷират ва ҳуқуқ дар Маскав низ бар он аст, ки агар мақомоти Тоҷикистон ва Русия барои ҳалли мусбати масоили марбут ба муҳоҷирати корӣ иқдом кунанд, ба манфиати ҳар ду кишвар хоҳад буд, аммо бо ишора ба дугонагии дидгоҳҳои мақомоти Русия, дар масъалаи муҳоҷират мегӯяд:"Тааҷуббарангез ин аст, ки дар Русия маҳз ба онҳое ғараз мегиранд, ки мехоҳанд бо обилаи дасти худ нон пайдо кунанд."

Муҳофизи ҳуқуқ ҳамчунин гуфт:"Мухолифони муҳоҷирати корӣ ба Русия гурӯҳҳои фашистие ҳастанд, ки дар ҳамаи зинаҳои мақомоти Русия пуштибон оранд".

Вай изофа кард:"Дар ҳама ҷо инҳо тарафдор доранд. На фақат дар кӯчаҳо мардумро мезананд, ҳамчунин дар миёни журналистон касоне доранд, ки идеяҳои онҳоро ҷонибдорӣ мекунанд. Онҳо дар сохторҳои қудратӣ, сохторҳои ҳукуматӣ қудрат доранд."

Муҳофизи ҳуқуқ ҳамчунин тайи суханони худ аз мақомоти Тоҷикистон хостори ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони тоҷик дар хориҷ шуд. Вай эълом дод, ки созмони онҳо ба наздикӣ ба мақомоти Тоҷикистон ва ҳам мақомоти Русия дар ин заминаи танзими ҳуқуқии муҳоҷирони корӣ, ду нома ирсол хоҳад кард.

Гавҳар Ҷураева гуфт:"Ҳозир ду муроҷиатнома тайёр карда истодаем, яке ба ҳукумати Тоҷикистон, яке ба ҳукумати Русия. Агар муҳоҷирон ҳуқуқи коркуниро пайдо кунанд, ҳуқуқи сукунати қонунӣ дар Русияро пайдо кунанд, ин ба фоидаи ҳар ду кишвар аст."

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Астрахан тайи чандин номаву хитоба аз мақомоти олии кишвари худ, аз ҷумла Хадамоти муҳоҷирати вазорати умури дохилаи Русия хостори қатъ кардани маҷрои муҳоҷирати ғайриқонунӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки бино ба омори интишоршуда расмӣ, аҳолии Русия басуръат коҳиш меёбад ва ин кишвар ҳарсола ба беш аз 500 ҳазор нерӯи корӣ ниёз дорад.

XS
SM
MD
LG