Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмонов паёми солонаашро ба парлумони кишвар ироа кард



Абдуқаюми Қаюмзод

Дар паёмаш президент Раҳмонов сиёсати хориҷии кишварашро сиёсати дарҳои боз номид ва хостори рушди равобит бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шуд.



Эмомалӣ Раҳмонов - раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба парлумони кишвар шарти аслии таъмини истиқлолияти воқеии Тоҷикистонро ба анҷоми сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Роғун ва Сангтӯда вобаста донист. Раҳбари давлати Тоҷикистон таъкид кард, яке аз самтҳои авлавиятноки давлат дар соли равон, ҷалби сармоя ҷиҳати идомаи сохтмони ин ду иншооти бузург аст.

Президент гуфт, дар ҳоли ҳозир се давлат Тоҷикистон, Русия ва Эрон ба манзури анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда як консорсиум таъсис додаанд ва ҷониби Эрон маблағгузории ин сохтмонро пурра ба дӯш гирифтааст.

Дар паёми солонаи худ президент Раҳмонов сиёсати хориҷии кишварашро сиёсати дарҳои боз номид. Аммо дар ин паём хилофи паёми соли гузашта Русия ба сифати шарики стратегии Тоҷикистон ном бурда нашуд. Раҳмонов ихроҷи муҳоҷирини кории тоҷикро аз Русия хилофи равобити дӯстонаи ҳарду кишвар хонд.

Президенти Тоҷикистон аз роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват ба амал овард, ки мунсиботро дар заминаи анъана ва суннатҳои пешина ба роҳ монанд. Раҳмонов ҳамчунин хостори рушди равобит бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шуд. Вай гуфт:"Мо ният дорем, ки тадриҷан доираи ҳамкориҳоро бо кишварҳои пешрафта, ба мисли Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Франсия, Германия, Британияи Кабир, Италия, Канада, Япония ва ғайра васеъ гардонем." Дар паёми солонаи президент Раҳмонов роҷеъ ба авзои сиёсиву амниятии минтақа ва ҷахон таъкид гардид, ки таъсиси Эътилофи байналмилалии зидди қочоқи маводи мухаддир ногузир аст. Ӯ гуфт, на танҳо Афғонистон, балки пешқадамтарин кишвари ҷаҳон дар танҳоӣ наметавонад пеши роҳи қочоқи маводи мухаддирро бигирад.

Раҳмонов дар паёмаш вобаста ба қазияи Ироқ мавқеи кишварашро хеле кӯтоҳ баён дошт. Вай гуфт:""Мо изҳори таасуф менамоем, ки иқдомоти то алҳол амалишудаи сиёсиву дипломатӣ натиҷаи дилхоҳ надоданд ва кор бо ҷанг анҷомид. Вале мо ҳанӯз ҳам ҷонибдори бо роҳи мусолиматомез ҳал шудани қазияи Ироқ ҳастем. Ва умедворем, ки ин тариқаи аз байн бурдани сабабҳои ҷанг ба нафъи ҳамаи ҷомеаи байналмилалӣ хоҳад буд."

Ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба Қонуни Асосии кишвар президент амри воқеӣ хонд. Ӯ гуфт, ҳадафи ислоҳоти Қонуни Асосӣ танҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ намудани он мебошад:"Дар кадом давлати мутамаддин шумо дидед, ки дар Конститутсия дарҷ шудааст, интихоби президент на зиёда аз як маротиба дар ягон давлати дунё ҳаст? Ман рӯирост мегӯям, ман зидди "вождизм" будам, мемонам. Барои Раҳмонов Конститутсия нест, худатон андеша кунед, хоҳем, нахоҳем баъди ду, се, чор ва ё панҷ сол касе набошад ҳамин моддаи Конститутсияро тағйир медод, агар каси дигар ҳам мешуд. Хубаш се рӯз пеш, на ин ки қафо. Боз мегӯям, ин барои Раҳмонов нест, барои Раҳмонов мешуд, пайи дигар давлатҳо чанд маротиба раъйпурсӣ қатӣ (ваколаташро тамдид мекард). Тоҷикистон ягона давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва аз он давлатҳое ҳаст, ки дар ҳамин муддат бо тариқи раъйпурсӣ ягон маротиба ваколати президенташро дароз накардааст. Барои як шахс шуда мо набояд ба ҳаққи ҳалоли мардум ва миллатамон зомин нашавем."

Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин гуфт, кишварҳои кӯмакрасон набояд интизори онро дошта бошанд, ки бар ивази кӯмакҳояшон кишварҳои дар ҳоли рушд дастнигар ва пойбанди сиёсати онҳо хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG