Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистон маоши як идда аз кормандони соҳаи маорифро боло мебарад



Сафаргул Олимӣ

Аммо омӯзгорони тоҷик мегӯянд, маоши ночизи ҳукумат мушкилоти фаровони иқтисоди омӯзгорони камбизоатро ҳал намекунад.

Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, аз 1 апрели соли равон моҳонаи мудирон ва муовинони мудирони макотиби миёна ва роҳбарони муассисаҳои томактабӣ 30 дар сад афзоиш хоҳад ёфт.

Зафар Саидов сухангӯи раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт ҳукумат ба вазорати молия дастур додааст, аз ҳисоби буҷаи соли 2003 барои пардохти музди иловагӣ ба омӯзгорон маблағ ҷудо намояд.

Вале ин иқдоми ҳукумат муаллимонро қаноатманд намекунад. Ҷонишини директори яке аз мактабҳои пойтахт Барно Қобилова мегӯяд, мо интизор доштем ҳукумати ҷумҳурӣ маоши онҳоро зиёдтар мекунад, зеро ин 30 фоиз, ки 5 ё 6 сомониро ташкил медиҳад, мушкилоти рӯзгори моро сабук намекунад.

Намояндагони вазорати маорифи Тоҷикистон низ аз ин миқдор афзудани маоши мудирони мактабҳо изҳори хушҳолӣ намекунанд. Онҳо мегӯянд, буҷаи дучори касри давлат иҷоза намедиҳад, ки маоши омӯзгорони қаторӣ низ зиёд карда шавад.

Бахтиёр Боқилов - сардори раёсати масоили иқтисодии вазорати маориф мегӯяд:"Қарори мазкур ба мақсади бартараф намудани номутаносибии музди меҳнати категорияҳои алоҳидаи кормандони соҳаи маориф аст ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии онҳо. Мо пешниҳод карда будем, ки 40 фоиз маошро зиёд кунанд, аммо ба назардошти буҷаи кишвар музди меҳнати онҳо 30 фоиз боло бурда шуд."

Маоши ҳадди аққал дар Тоҷикистон аз 5 то 10 доллар мебошад, яъне аз 15 то 30 сомонӣ. Вале нархи як халта орд 35 сомонӣ, як килограмм гӯшт панҷуним сомонӣ, як килограмм равган севуним сомонӣ мебошад. Сокинони пойтахт мегӯянд, барои хариди фақат маводи ғизоӣ барои як хонаводае, ки аз се нафар иборат аст, на камтар аз 300 сомонӣ ё 100 доллар лозим аст.

Бар асоси иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон, камии маош боис шудааст, ки беш аз 3000 омӯзгор аз касби худ даст, бозорнишиниро пеша кардаанд, ё ба Русия ба мардикорӣ рафтаанд.

XS
SM
MD
LG