Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон истеҳсоли пахтаро зиёд мекунад



Тоҳири Сафар



Тоҷикистон тасмим гирифт, дар соли равон кишти пахтаро афзуда, ҳосили онро ба 610 ҳазор тонна расонад. Ихтиёр Ашӯров муовини аввали вазири кишоварзии Тоҷикистон ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, соли равон хоҷагиҳои кишвар дар майдони 282 ҳазор гектар пахта кишт мекунанд, ки дар қиёс ба соли гузашта 5 фоиз бештар аст.

Соли гузашта Тоҷикистон тавонист, ҳудуди 515 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварад. Пахта дар баробари алюминий яке аз маҳсулоти стратегии Тоҷикистон ҳисоб мешавад. Соли гузашта ин кишвар 128 ҳазор тонна нахи пахта фурӯхта аз ҳисоби он 128 миллион доллар ба даст овардааст. Қариб 40 фоизи пахтаи Тоҷикистон ба Швейтсария содир шудааст.

XS
SM
MD
LG