Пайвандҳои дастрасӣ

Бахши аввали гузориши Департаменти Давлатии Амрико



Департаменти Давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Озодиҳои инсонӣ ва авзои ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар соли 2002

Департаменти Давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар гузоришаш навиштааст, Сарқонуни Тоҷикистон ба шаҳрвандони ин кишвар ҳақ додааст аз роҳи интихоботи озод, ҳукумату ва вакилони парлумонро баргузинанд, аммо дар амал ҳукумат ин ҳаққи мардумро маҳдуд мекунад.

Дар гузориш гуфта мешавад, ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи тағйири низоми шӯравии идораи давлат ба низоми шафоф пешрафти ночизе доштааст ва то кунун президент Раҳмонов ва ҳаммаслакони ӯ аз минтақаи Кӯлоб дар ҳукумат нақши таъйинкунанда доранд.

Гузоришгарон аз интихоботи соли 1999 дар Тоҷикистон ёдовар шуда гуфтаанд, ки он бо қонуншиканиҳои фаровон сурат гирифт. Дар он замон ҳукумат талош кард, ки Раҳмонов дар маснади худ боқӣ бимонад ва бинобар ин, бо эҷоди маҳдудиятҳои зиёд ба се номзади аҳзоби мухолифро имкон надод дар маъракаи интихоботӣ ширкат кунанд.

Фақат чанд рӯз пеш аз баргузории интихобот, Комиссияи марказии интихобот аз се номзад Давлат Усмон намояндаи Ҳизби Наҳзати Ислом ва вазири собиқи иқтисодро хилофи хоҳишаш ба ҳайси номзад ба маснади раисҷумҳур сабт ва номи ӯро дар варақаи овоздиҳӣ шомил кард.

Департаменти Давлатии Амрико идома медиҳад, президент Раҳмонов дар маъракаи интихоботӣ васоити ахбори умумро комилан монополия кард ва дар худи овоздиҳӣ низ қонуншиканиҳои фаровон ба мисли овоздиҳии такрории ҷонибдорони Раҳмонов мушоҳида шуд.

Баъди анҷоми интихобот ҳукумати Тоҷикистон иддао кард, ки аз 98 дар сади раъйдиҳандагон, 96 фоизи онҳо ба номзадии Раҳмонов овоз доданд, вале нозирони байналмилалӣ ин оморро қобили эътимод надонистанд.

Департаменти Давлатӣ бо зикри нақши парлумон дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон мегӯяд, аксари курсиҳои ҳар ду палатаи парлумон мутааллиқи ҳизби ҳокими Раҳмонов мебошад ва парлумон низ вобастаи ҳукумати иҷроия шудааст.

Гузориш ба таърихи интихоботи парлумонии соли 2000-ум назар андохта, қайд мекунад, Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки ҷараёни интихоботро назорат мекарданд, гуфтанд ин маърака аз интихоботҳои пешин як андоза фарқ дошт, зеро ба шаш ҳизби сиёсӣ, аз ҷумла ду ҳизби Нерӯҳои Мухолифини Тоҷик иҷоза дода шуд, ки дар ин маъракаи сиёсӣ ширкат кунанд ва ду узви Ҳизби Наҳзати Ислом ба парламент интихоб шуданд.

Бо вуҷуди ин, нозирони Созмони Милал интихоботро мутобиқ ба меъёрҳои интихоботи озоду демократӣ надонистанд ва гуфтанд интихобот шафоф набуд, зеро мақомоти маҳҳалӣ ва ҳукумат дар ҷараёни он дахолат мекарданд. Ба мусоидати онҳо ҳадди аққал як номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси Намояндагони парлумон бо ангезаҳои сиёсӣ сабти ном нашуд. Дар ин интихобот низ телевизиони давлатӣ ба ҷонибҳои рақиб дар интихобот имкони мусовӣ надод, то маъракаи тарғиботии худро пеш баранд. Шумориши варақаҳои овоздиҳӣ низ мушкилоти фаровон дошт.

Интихоботи намояндагони аъзои Маҷлиси Миллиро низ гузоришгарони департамент танқид кардаанд. Онҳо мегӯянд аъзои палатаи болоии парлумонро моҳи марти соли 2000 ум маҷлисҳои маҳҳалӣ интихоб карданд, ки ҷараёни овоздиҳии онҳо низ бидуни ширкати нозироони байналмилалӣ сурат гирифт. Коршиносони мустақил ва шаҳрвандони зиёд гуфтанд, ин овоздиҳӣ бемаънист, зеро намояндагони ин палата ғайримустақим ва ё мустақиман аз ҷониби ҳукумат таъйин мешаванд.

Дар интихоботи миёндавраии соли 2002-ум низ дар се ноҳия ба номзадҳои Ҳизби Демократ ва Ҳизби Наҳзати Ислом иҷоза дода нашуд, дар интихобот ширкат кунанд. Онҳо сабти ном нашуданд ва дар ниҳоят Комиссияи марказии интихобот номзадҳои ҳизби ҳокимро дар ҳавзаҳои Суғду Хатлон ғолиби интихобот эълон кард. Аммо натиҷаҳои интихоботро Ҳизби Демократ ва Ҳизби Наҳзати Ислом таҳрим карданд.

Департаменти Давлатӣ ҷойгоҳи зан дар ҳукумати Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифта гуфтааст, дар парлумони 113 курсии Тоҷикистон 7 зан депутат мебошад ва яке аз онҳо муовини раис аст. Дар ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин як мушовири президент ва як вазир зан аст.

Департаменти давлатӣ ба нақши созмонҳои ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон назар андохтааст. Дар робита ба ин гузоришгарони департамент гуфтаанд, ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалии нозири ҳуқуқи башар имкони бемаҳдудияти фаъолият дар ин кишварро фароҳам кард, аммо ҳуқуқшиносони маҳаллӣ аз хавфи таъқиб шудан аз ҷониби мақомот ва низомиён, созмонҳои мустақили нозири ҳуқуқи башар таъсис намедоданд, ҳарчанд ҳукумат сабти номи чунин созмонҳоро маҳдуд накарда буд. Гузориш мегӯяд, якчанд созмони мустақили нозири ҳуқуқи башар вуҷуд дорад.

Соли гузашта вазорати адлия маблағ барои сабти номи созмонҳои ғайридавлатиро коҳиш дода ба ташкили чунин созмонҳо мусоидат кард, вале андозбандии онҳо ҳамчунон як мушкиле дар роҳи фаъолияти ин созмонҳо мондааст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар ин сол ҳамчунин нагузошт, ки бархе аз мансабдорони давлатӣ дар семинарҳои байналмилалӣ ва маҳаллии оид ба мустақилияти додгоҳӣ, ҳокимияти қонун, ҳуқуқҳои инсонӣ ширкат кунанд, зеро дар чунин семинарҳо, ки дар худи кишвар низ баргузор мегашт, ҳукумат танқид мешуд. Бо вуҷуди ин, дар соли гузашта мансабдорони давлатӣ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои ҳуқуқи башар алоқамандӣ нишон медоданд. Ҳукумат дар ин сол ба созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ иҷоза дод дар асоси доимӣ дар кишвар фаъолият кунанд.

Вале бо вуҷуди ин ҳама таҳлилгарон мегӯянд вазъи ҳуқуқи башар дар ин сол дар кишвар ногувор боқӣ мондааст. Дар ин робита Аарон Родс раҳбари Иттиҳодияи Ҳуқуқи башари Ҳелсинки ба Радиои Озодӣ гуфт, дар соли гузашта авзои ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ беҳбуд наёфтааст.

Вай меафзояд:"Ба андешаи ман вазъи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ ниҳоят ногувор аст. То кунун маҳбусон шиканҷа ва пайравони мазҳабҳои дигар кушта мешаванд. Ҳаққи аққалиятҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи сиёсӣ ва ҳуқуқи бунёдии шаҳрвандон зери по мешавад."

Департаменти давлатӣ мегӯяд, соли 2002-ум Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, бо панҷ дафтари минтақавиаш назорати авзои ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро идома дод. Намояндагиҳои маҳаллии ин созмон гуфтанд, ки ҳамкории ҳукуматҳои маҳҳалиро бо онҳо мутафовит аст. Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх низ дар Тоҷикистон намояндагиашро нигоҳ дошт, вале ҳукумат ба кормандони ин созмон иҷоза надод аз маҳбасҳои кишвар дидан кунанд.

Фаъолияти шӯъбаи ҳимоят аз ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар ин сол идома ёфт, вале ин идора такмилношуда боқӣ монд ва ҳамчунин аз ҳамкории баробар аз ҷониби дигар сохторҳои давлатӣ бархудор нашуд. Дар гузориши солонаи ин идора, ки дар нашрияҳои давлатӣ нашр шуд, фақат омор буд ва аз он мегуфт, ки сохторҳои давлатӣ шикоятҳои мардумро нодида мегиранд. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи марти соли 2002 Комиссияи ҳуқуқи башарро таҳти сарварии муовини сарвазири кишвар таъсис дод. Ҳарчанд ин комиссия масъули таҳияи гузоришҳои ҳукумат аз ҷараёни иҷрои Қатъномаҳои байналмилӣ шуд, аммо раиси он гуфт комиссия шикояти шаҳрвандони оддиро ба инобат мегирад ва бо созмонҳои ҳуқуқи башар ҳамкорӣ мекунад. Вале нақши ин комиссия дар сиёсати давлати Тоҷикистон норӯшан боқӣ монд.

Берун аз ҳукумати иҷроия дар Тоҷикистон дар парлумон кумитаи қонунгузорӣ, сохтори конститутсионӣ ва ҳуқуқи инсон вуҷуд дорад, ки дар амал мустақил нест. Ин кумита дар давоми сол фаъол набуд ва ҳеҷ гузорише ҳам нашр накардааст.

XS
SM
MD
LG