Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сармоягузорон шурӯъ шуд



Мирзонабии Холиқзод

Аммо ҷанг дар Ироқ сабаб шудааст, ки сармоягузорони аврупоӣ ва арабӣ аз ширкат дар ин конфронси барои Тоҷикистон муҳим даст кашанд.

Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон сабаби аслии таваҷҷӯҳи ками кишварҳои кумакрасонро ба конфронси байналмиллалии сармоягузорон ба иқтисоди Тоҷикистон, ки барои се рӯз дар шаҳри Душанбе ба кори худ шурӯъ намуд, ҷанги Ироқ номид.

Ин конфронс бо пуштибонии барномаи иқтисодии Созмони Миллали Муттаҳид "СПЕКА" сурат мегирад ва тибқи барнома мебоист 37 кишвари ҷаҳон бо шумули давлатҳои Аврупо ва арабӣ дар он ширкат меҷустанд, аммо ҳамагӣ намояндагони 13 кишвар, аз ҷумла Малайзия, Муғулистон, Русия, Эрон, Ҳинд, Чин, Қазоқистон ва давлатҳои дигари ҳамсоя ташриф оварданд.

Муовини вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Исроил Маҳмудов дар робита ба ширкати андаки кишварҳо мегӯяд:"Албатта давлатҳои Аврупо нисбатан кам иштирок карданд. Баъдан давлатҳои араб, ки мо бисёр интизор будем, афсӯс, ки онҳо иштирок карда натавонистанд, сабабаш барои мо маълум, ки ҷанги Ироқ аст. Бо вуҷуди ин мо конфронсро баргузор кардем."

Дар ҷараёни ин конфронс кишварҳои кумаккунанда бо лоиҳаҳои вазоратҳо ва ниҳодҳои иқтисодии Тоҷикистон ошно шуда, роҳҳои сармоягузории барномаҳоро мебинанд.

Оқил Оқилов - нахуствазири Тоҷикистон мегӯяд, ин кишвар бештар хостори сармоя барои соҳаи энержии худ мебошад, зеро Тоҷикистон дар ин бахш Тоҷикистон ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯст ва беш аз 10 сол аст имкони фаъол намудани нерӯгоҳи Роғун ва Сангтӯдаро надорад.

Вай меафзояд:"Мо барои ҷалби сармоя барои бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии Роғун ва Сангтӯда саъй карда истодаем. Ин масъалаҳо ҳозир дар сатҳи гуфтушунид ва ҳал мебошанд. Боварӣ дорам, ки мо то охири сол масъалаҳои давом додани сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда ва оғози сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ҳал мекунем."

Бино ба иттилои вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, танҳо барои фаъол сохтани нерӯгоҳи Роғун Тоҷикистон ба 1 миллиарду 200 миллион доллар ниёз дорад.

Муовини вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Исроил Маҳмудов мегӯяд, баъзе аз кишварҳо изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар ҳамин роҳ, яъне сохтмони нерӯгоҳҳои бузурги Тоҷикистон ширкат кунанд:"Омодагии давлати Федератсияи Русия ҳаст ва ҳам давлати Эрон. Давлати Эрон ва Русия ният доранд дар якҷоягӣ сохтмони як нерӯгоҳи барқии Тоҷикистонро анҷом диҳанд."

Тоҷикистон барои иқтисоди хеш барои солҳои 2001 то 2003, 435 миллион доллар сармояи хориҷиро пешбинӣ карда буд, аммо дар ин муддат бар асоси 24 барнома 314 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба иқтисоди ин кишвар ҷалб шуд.

XS
SM
MD
LG