Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифати Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ба тағйири Қонуни Асосии ин кишвар



Абдуқаюми Қаюмзод

ҲНИТ ислоҳи Қонуни Асосиро дар шароити кунунӣ бемаврид меҳисобад.

Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон рӯзи 1 апрел бо пахши як изҳорот мавқеи расмии худро дар баробари ислоҳоти Сарқонун, ки бо иқдоми ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон сурат мегирад, рушан кард ва мухолифати худро ба ин иқдом эълон дошт. Ҳизби Наҳзати Ислом дар шароити феълӣ ислоҳи Қонуни Асосиро нобаҳангом ва бемаврид донистааст.

Ҳамчунин дар изҳороти Ҳизби Наҳзат омадааст, ки Тоҷикистон ҳануз дар марҳалаи инкишофи баъди ҷанги шаҳрвандӣ қарор дорад ва дар чунин шароити ҳассос зарурате барои баргузории раъйпурсӣ ба хотири ислоҳоти Сарқонун вуҷуд надорад.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангуи Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон дар робита ба нукоти дигари изҳорот гуфт:"Ин иқдом ба руҳияи созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон созгор нест."

Дар изҳороти Ҳизби Наҳзат ҳамчунин ин нукта мавриди накуҳиш қарор гирифтааст, ки вакилони маҷлис бидуни муҳокимаи умумихалқӣ ва бидуни назардошти афкору назари аҳзоби сиёсии кишвар ислоҳоти Конститутсия ва референдумро баргузор мекунанд.

Оқои Сайфуллозода, сухангуи ҳизб афзуд:"Маҷлиси намояндагон бидуни муҳокимаи умумихалқӣ якбора лоиҳаи тағйироту иловаҳоро дар шакли ниҳоияш ба референдум бароварда, рузи онро муайян намуд. Ва бо ҳамин роҳ дигар нируҳои сиёсии кишвар ва оммаи мардумро аз имконияти иштирок дар раванди муҳокима ва ворид намудани пешниҳодҳо ба ин лоиҳа маҳрум сохт."

Ёдовар мешавем, раҳбари ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Саид Абдуллоҳи Нурӣ то пахши изҳороти мазкур низ борҳо чунин ақидаро баён дошта буд. Ба назари коршиносон, баъд аз он ки ҳукумати Тоҷикистон моддаи 28-уми Сарқонунро дар шакли қаблиаш боқӣ гузошт, мавқеъи тунди ҲНИТ дар баробари ислоҳи Сарқонун нармтар шуд. Ва назари оқои Нурӣ дар мавриди моддаи 65 ҳам тағйир хурд ва у дар як суҳбат ба хабарнигорон гуфт:

"Он чӣ ки бардошти худи ман аст, ҳамин аст, ки шояд онҳое, ки ин корро пешниҳод карданд, як санҷише барои кадрҳои имрузаи Тоҷикистон гузаронданд ва ба чунин хулоса омаданд, ки дар ҳамин марҳалаи вуҷуди Тоҷикистон касе, ки то ҳоли ҳозир як миқдор таҷриба дорад ва то имруз раҳбарӣ кардааст, он боқӣ бимонад. Шояд ҳамин зарурат бошад."

Бархе аз коршиносон бо назардошти чунин изҳори назари оқои Нурӣ мегуянд, ҳануз аз замони фаъолияти Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди собиқи мухолифини тоҷик ва ҳукумат масъалаи таъкиди фаъолияти ҳизби мазҳабӣ ва замони раёсати ҷумҳурӣ дар Қонуни Асосӣ мавриди доду ситад қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG