Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА ҳукумати Тоҷикистонро авторитарӣ хонд



Мирзои Салимпур



Гузориши солонаи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳукумат дар Тоҷикистонро "авторитарӣ" ном бурда, мегӯяд, нақши умдаро дар ҳукумати ин кишвар президент Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳаммаслаконаш аз минтақаи Кӯлоб бозӣ мекунанд. Ин гузориш рузи 1 апрел нашр шуд.

Гузориш ҳамчунин ҳокист, ки пуштибонии маҳдуди ҷомеа тавони ҳукумат барои назорати тамоми қаламрави кишварро коҳиш додааст. Ин гузориш мизони субот дар Тоҷикистонро ба фарқ аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ беҳтар, вале ҳамчунон осебпазир арзёбӣ мекунад.

Аммо Сӯҳроб Шарифов, масъули бахши иттилоот дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар ин робита гуфт:"Дар ин хусус гуфтанӣ ҳастам, ки ҳукумати Тоҷикистон 100 фоиз тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро зери назорат дорад ва контрол мекунад. Ва структураҳои ҳукуматӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар амал мекунанд. Ман намедонам, аз чӣ сабаб ҳамин гуна ақидаҳо ҳаст, ки ҳукумати Тоҷикистон имрӯз тамоми манотиқ кишвари худро дар назорат надорад".

Муқаддимаи гузориши Департаменти давлатиро дар гӯшаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG